Зодрӯзи Расул Ҳамзатов – дӯсти беғарази Тоҷикистон ва адибони тоҷик
Расул Ҳамзатов аз ҷумлаи маъруфтарин адибони замони Шӯравӣ дар қаламрави паҳновар буд. Адибе, ки даҳҳо китоб аз худ мерос гузошт. Шояд миёни адибони он замон серкитобтарин адибон ӯ буд. Маъруфияти хос дошт, ашъораш бо ҳама забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шудаву китобҳояш берун аз маҳдуди СССР ҳам борҳо интишор ёфтаанд. Ва муҳимтар аз ҳама дӯсти беғарази адибони тоҷик буд. Тоҷикистонро сарзамини суханварони бузург, гулҳои сурх ва тиллои сафед» меномид. Дар васфи шоирони мо, бахусус Мирзо Турсунзода шеърҳо гуфтааст ва устод Турсунзода низ ӯро дар ашъораш сутудааст.
Расул Ҳамзатов 08. 09 1923 дар деҳаи Садасаи ноҳияи Хунзахи Доғистон ба дунё омадааст. Солҳои 1945-1950 дар Институти адабиёти ба номи М. Горкий таҳсил кардааст. Нахустин шеърашро дар 11-солагӣ навиштааст. Ашъораш аз соли 1937 дар матбуот нашр шуда буд. Аввалин маҷмўаи шеърҳояш «Муҳаббати оташин ва нафрати сўзанда» (соли 1943) ном дошта, дар он қаҳрамонҳои мардуми шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва ҷонфидоиҳои заҳматкашони ақибгоҳ бо нафрату лаънат нисбат ба фашистони истилогар тараннум ёфтаанд.
Дар маҷмўаҳои ашъори «Кўҳсори мо» (соли 1947), “Замини ман» (соли 1948), «Суруди кўҳсор» (соли 1949), «Ватани кўҳистон» (соли 1950), «Сўхта аз бародари калонӣ» (соли 1952), «Баҳори Доғистон» (соли 1955), достонҳои «Духтари кўҳсор» (соли 1958) ва «Дили ман бо кўҳистон» (соли 1959) ҳаёту муборизаи заҳматкашони Доғистони шўравӣ, ташаккули шуурнокии сотсиалистии кўҳистониён, дўстии халалнопазири халқҳои шўравӣ, муқобилати ҷавонон бар одатҳои зараровари кўҳна, талоши занону духтарон баҳри ишқу саодати озодии худ, ситоиши расму ойинҳои нав ва ғайра ба риштаи тасвиру таҳқиқи бадеӣ кашида шудаанд. Достони «Дар сўҳбати падар» (соли 1953) ба хотираи падари эҷодкораш Ҳамзат Садаса ва маҷмўаи «Сухан аз шоир» (соли 1979) ба классики адабиёти лаки Доғистон Афандӣ Капиев бахшида шуда, аз заҳмату ҷустуҷўи беохири аҳли қалам ва мақоми иҷтимоии шоир баҳс мекунанд. Ашъори Ҳамзатов рўҳияи баланду хосияти амиқи миллӣ дошта, дар тору пуди онҳо рўҳи рўзгори мардуми ҳамдиёр ва зебоиҳои табиати афсункори кишвари азизи шоир, фалсафаи ҳаёт ва лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи халқи авар бо рангу ҷилои тоза ва муҳаббату самимияти беандоза инъикос гардидаанд.. Ин хусусият дар маҷмўаи шеъру достонҳои «Рўзи таваллуди ман» (соли 1950) ва «Ситораҳои баланд»( соли 1962) хеле равшану барҷаста ба тасвир расида, муаллифашонро дар саросари кишвари собиқ шўравӣ шўҳратёр гардонидаанд.
Маҷмўаи ашъори «Зарема» (соли 1963), «Катибаҳо» (соли 1963), «Ситора бо ситора роз гўяд» (соли 1964), «Нони умум» (соли 1967), «Ҳисоби умр» (соли 1969), «Фармудаҳо» (соли 1975), «Сози ниҳон» (соли 1977), «Дар сари оташдон» (соли 1978), «Таронаҳои кўҳистон» (соли 1980), «Марсияҳои кўҳистон» (соли 1980), «Асри бист» (1 соли 983), «Ҳарби абадӣ» (соли 1983), «Чархи ҳаёт» (1987), «Турнаҳои сафед» (соли 1987), «Ду достон» (соли 1988) ва ғайра аз ҷумла дастовардҳои эҷодии шоир ба ҳисоб мераванд.
Дар китоби андешаҳо – «Доғистони ман» меҳру муҳаббати саршори ў нисбат ба халқу анъанаву суннатҳои диёраш ифода гардида, фаслу бобҳои он аз ҳикмати рўзгору осори мардумӣ ва фикру андешаҳои пандомўзи шахсӣ ба ҳам омадаанд.
Силсилаи достону шеърҳои «Ёди ту мекунам» (соли 1956), «Кўҳистонидухтар» (соли 1967), «Ду рўймол» (соли 1971), «Дўстонро азиз доред!» (соли 1972), «Китоби муҳаббат» (соли 1974), «Модаронро пос доред!» (1978; тарҷума ба забони тоҷикӣ 1985), «Бо қонуни муҳаббат маҳкумам бикун» (соли 1979) ва «Ҷазираи занон» (соли 1982), ки дар ситоиши занону духтарон ва бузургдошти модарон, «Китоби сонетҳо»-яш (соли 1983), ки дар васфи ҳамсару се духтари шоир омадаанд, устоди забардасти лирикаи ишқиву гражданӣ будани ўро собит мекунанд.
Ҳамзатов шоири таронасаро низ буда, чандин оҳангсозу ҳофизони номӣ ба ашъори сершумораш оҳангҳо бастаанд. Суруди «Турнаҳо»-и ў (тарҷумаи Н. Гребнев, мусиқии Ян Френкел) дар саросари собиқ Иттиҳоди Шўравӣ чун гимни ҳаводорони сулҳу нафратгарони ҷанг садо дода буд.
Ў барои кўдакон низ шеъру достонҳои ибратбахшу пандомўз эҷод кардааст, ки дар маҷмўаҳои «Каси аз ҳама азиз» (1950), «Бобои ман» (1967), «Сарҳад» (1972) ва «Турнаҳо» (1973) фароҳам омадаанд.
Расул Ҳамзатов устоди беназири ҳаҷву мутоиба низ буд. Намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёту мутоиботи ў дар маҷмўаҳои «Дандонҳои дардманд» (соли 1957), «Нақизаҳо» (соли 1963), «Шитоб макун» (соли 1965), «Қимати охирин» (1979) ва «Китоби ҳаҷву мутоибот» (соли 1986) ба ҳам омадаанд. Шоири забардаст нахустофарини чанд навъ ашъори лирикӣ, аз ҷумлаи сонет, чаҳорбайтӣ, катиба ва нақиза дар адабиёти авар мебошад, ки беҳтарини онҳо дар гулчини «Чаҳорбайтиву катибаҳо» (соли 1962), «Катибаҳо», «Чаҳорбайтиҳо», «Нақизаҳо» (соли 1963), «Сонетҳо» (соли 1973), «Ашъор» (соли 1978) гирд оварда шудаанд.
Драмаи дупардагии ў «Духтари кўҳистон» (соли 1967) дар бисёр театрҳои Доғистон ба саҳна гузошта шудааст. Расул Ҳамзатов шеъру достонҳои А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, В. Маяковский, Н. С. Тихонов, М. Турсунзодаро ба забони аварӣ тарҷума кардааст. Қариб тамоми осори манзуму мансураш ба забони ҳамаи халқу миллатҳои собиқ СССР, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ ва аксари кишварҳои хориҷӣ тарҷумаю нашр гардида, ўро дар қатори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони ватанию ҷаҳонӣ мақом додаанд.
Ҳамзатов аз адабиёти классики форс-тоҷик баҳраҳои муассири эҷодӣ бардошта, дар бисёре аз шеъру навиштаҷоташ аз суханварони бузурги форсизабон – Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва сипосгузорона ёдовар шудааст. Бархе аз шеъру достонҳо, махсусан силсилаи сонету чаҳорбайтӣ ва «Шеърҳои форсӣ»-и ўро (1975) рамзу образҳои маъмулии адабиёти форс-тоҷик ва ҳикмату таровати рубоиёти форсӣ зебу оро дода, офаридаҳои шоирро барои форсизабонону ҷаҳониён бештар қарину дастрас гардонидаанд.
Ҳамзатов нисбат ба адибону адабиёти тоҷики давраи шўравӣ аз ҷумла С. Айниву А. Лоҳутӣ, ихлосу эҳтироми тамоме дошта, дўсти ҷонии М. Турсунзода будааст ва дар шеъру мақолаҳояш, аз ҷумла эссеи «Гулбоғи шоир» (соли 1968) ба шахсияту эҷодиёти ў баҳои баланд додааст. М. Турсунзода ҳам ба дўсти авари худ шеърҳо бахшида, дар бораи фазилатҳои инсониву мўъҷизаҳои инсониву мўъҷизаҳои шоирии ў бо муҳаббату самимияти беҳад сухан рондааст:
Сарзаминат, дўстам, озода маскан будааст,
Дар дили кўҳи ту назму шеър маъдан будааст.
Дар фалак, дар осмон, дар деҳаи Хунзах мудом
Ахтари иқболи шоир нурафкан будааст.
Ҳамзатов Тоҷикистонро «сарзамини суханварони бузург, гулҳои сурх ва тиллои сафед» номида, барои пешрафти шахсиву эҷодии М. Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор ва дигарон кўмакҳои беминнат расонидааст. Ба куллиёти чаҳорҷилдаи М. Турсунзода (ҷ. 1, Душанбе, 1971) ва маҷмўаи русии Гулрухсор «Аз паи хуршед» (Москва, 1984) муқаддима навиштааст.
Ҳамзатов шоири авар,раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон (аз соли 1951), Шоири Халқии Доғистон (1959), дар давраи шўравӣ Котиби ИН РСФСР ва СССР, Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6-11), солҳои 1962-1966 узви Кумитаи шўравии ҳамраъйии халқҳои Осиёву Африқо, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974) буд. Аз соли 1992 узви Созмони байналмилалии иттиҳодияҳои нависандагон, узви Кумитаи иҷроияи Созмони Байналмилалии Иттиҳодияҳои Нависандагон (СБИН, аз соли 1992) буд.
Расул Ҳамзатов бо ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст. Расул Ҳамзатов 3-уми ноябри соли 2003 дар беморхонаи марказии марказии шаҳри Москва фавтидааст. Ў дар қабристони қадимии Мадрид дар Табарӣ дар постгоҳи кӯҳҳои Тарақ-Та, дубора ба қасри зани худ дафн карда шуд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи адабиёт ва санъат.
– Душанбе, 2004. – С. 452-453.
Муаллиф: Ҳ. Шодиқулов.
Аз Расул Ҳамзатов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон дарёфт кард.
Суруди авул. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 105 с.
Модаронро пос доред. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 112 с.
Доғистони ман. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 528 с.
Хаёлам дар ту: Шеърҳо //Ҳақиқати Ленинобод. – 1960. – 30 октябр.
Таронаи модар //Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 16 май.
Шеъре дар хонаи Таур дар Калката: Шеър /Тарҷумаи П. Аслонов //Адабиет ва санъат. – 1985. – 7 март.
Ман он сарбозро бинам дубора: Шеър /Аз русӣ тарҷумаи М. Ғоиб //Роҳи Ленинӣ. – 1985. – 13 март.
Ҳар қадар ноасил бувад шамшер: Шеър /Тарҷумаи Р. Ваҳҳобов //Газетаи муаллимон. – 1985. – 25 май.
Соате, ки дар умри мо нест: Шеър /Тарҷумаи Р. Ваҳҳобов //Қаротегини Советӣ. – 1985. – 29 май.
Чиро ман дӯст медорам?: Шеър /Тарҷумаи О. Мирак //Адабиет ва санъат. – 1985. – 6 июн.
Падар: Шеър /Тарҷумаи Норӣ //Газетаи муаллимон. – 1986. – 11 феврал.
Ёди ҷавонӣ: Шеър //Тоҷикистони Советӣ. – 1986. – 6 июл.
Варо озод аз мансаб бикарданд; Ҳамгун: Шеърҳо /Тарҷумаи Ҳ. Раҳмат //Газетаи муаллимон. – 1986. – 25 октябр.
Эй ҳаёти ман: Шеър /Тарҷумаи С. Миралӣ //Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 2 сентябр.
Машъали шеър: Шеър /Аз русӣ тарҷумаи А. Сомонӣ //Газетаи муаллимон. – 1987. – 5 сентябр.
Забони модарӣ: Шеър /Тарҷумаи Алӣ Бобоҷон //Газетаи муаллимон. – 1987. – 5 сентябр.
Суруди булбул: Шеър /Тарҷумаи К. Насрулло //Чашма. – 1987. – № 11. – С. 3.
Ваалейкум ассалом Мирзо: Ба муносибати 80- солагии зодрўзи М.Турсунзода //Адабиёт ва санъат. – 1991. – 14 ноябр.
Доғистони ман; Ашку хун; Катибаҳо; Дар ханҷар; Дар шоҳзам: Шеърҳо //Адабиёт ва санъат. – 2013. – 25 июл.
Турнаҳо: Шеър /Тарҷумаи Лоиқ Шералӣ //Адабиёт ва санъат. – 2017. – 4 май.
Дар бораи Расул Ҳамзатов:
Турсунзода, М. Ба Расул Ҳамзатов: Шеър // Турсунзода, М. Осори мунтахаб. – Душанбе, 1981. – Ҷ.1. – С. 127-128.
Абдуллаев, Г. Г. Расул Гамзатов великий поэт всех народов. – Махачкала: Юпитер, 2005. – 136 с.
Ҳайдаршо, М. Доғистонро дидам: Дар бораи Расул Ғамзатов //Тоҷикистони советӣ. – 1967. – 11 апрел.
Валӣ, С. Оташи тобнок: Дар бораи шори халқии Доғистон Расул Ғамзатов //Комсомоли Тоҷикистон. – 1968. – 18 декабр.
Раҳим, К. Дар талоши мавҷ: Шеър бахшида ба Расул Ғамзатов //Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 18 март.
Лаврецкая, В. Расул Ҳамзатов: шеър ҷонфишонист //Тоҷикистони Советӣ. - 1986. - 11 феврал.
Қонуни нонавишта ё қонуни асосии кўҳистонӣ: Доир ба китоби «Доғистони ман»-и Расул Ҳамзатов /Таҳияи Мирзошо Ватаншо //Миллат. – 2014. – 17 сентябр.
Шарифов, С. Васфи забони модарӣ дар «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов //Наҷот. – 2015. – 9 апрел.
Бузургон дар ситоиши забон: Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Расул Ғамзатов ва диг. /Таҳияи Насриддин Охунзода //Маърифати омӯзгор. – 2015. - №9-10. - С. 21-22.
Шарифов, У. Ҷойгоҳи забон дар андешаи ду адиби тавоно: Расул Ҳамзатов ва Лоиқ Шералӣ //Маърифати омӯзгор. - 2016. - №4. - С. 44-46.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ