Баррасии тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Куриёи Ҷанубӣ

 Субҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор  Абдусалом Мирализода Кордори Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфт.

 Директори Китобхонаи миллӣ меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуд.

 Профессор Абдусалом Мирализода ва ҷаноби Ли Вучёл дар масъалаҳои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва бахусус барқарор намудани фаъолияти Гӯшаи Куриё дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбат карданд

 Ёдовар бояд шуд, ки соли 2013 Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Шоҳи Сеҷон барои таъсис додани “Гӯшаи Куриё” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Гӯшаи мазкур дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дар Китобхонаи миллӣ фаъолият менамуд, ки соли 2017 амали ин Ёддошти мазкур аз ҷониби Институти Шоҳ Сеҷон қатъ гардида буд.

Фарзонаи МИРЗО