Яке аз ҷамъиятҳои англисии дўстдорони Лев Николайевич Толстой (дар шаҳри Манчестр), ки худро «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» номидаст, аз нависанда тақозо мекунад дар бораи иқдомоту фаъолияти анҷуманашон ба ихтисор, лоақал бо чанд калима ибрози ақида кунад. Лев Николаевич дар номае посух медиҳад:
«Дўсти азиз, Шумо ҳақ доред, тасаввур кунед, ки ман бояд ба «Анҷумани пайравони мактаб Толстой» алоқа нишон
“Адабиёт аз назари ман мисли чаҳор боғи рангинест, ки дар он ҳар гул бўю ҷилои хоси худро дорад, мегўяд шоир. Агар ба боғ дароеду ҳамаи гулҳо якранг бошанд, дилгир мешавед. Ман ҳам барои рангорангӣ ва сарсабзии боғи адабиётамон ало қадри ҳол ҳарорати дили худро мебахшам. Дар ҳар жанре, ки нависам, тараннуми меҳру садоқат ва корнамоии халқи азизамро қарзи худ мешуморам.” Алӣ Бобоҷон.
«Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар ин чоп дар варақаи унвон (титульный лист) ба китоб «Чор дарвеш» ном дошта шуда ва номи муаллиф навишта нашудааст. Аммо автори муқаддимаи ин чоп, ки Мираҳмад бинни Шоҳмуҳаммад ном касест, ин китобро ба Амир Хисрави Деҳлавӣ нисбат медиҳад ва дар як ҷои муқаддима дар бораи сабаби таълиф мегўяд (мазмунан): «Дар вақти бемории шайх Низомиддин Амир Хисрави Деҳлавӣ ин қиссаҳоро зеби рақам карда (таълиф намуда), дар ҳузури шайх хонд ва шайх ба баракати хондани ин китоб аз беморӣ сиҳат