Лутфан бихонед, хеле аҷиб аст: Дар бораи «Анҷумани пайравони мактаби Толстой»
Яке аз ҷамъиятҳои англисии дўстдорони Лев Николайевич Толстой (дар шаҳри Манчестр), ки худро «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» номидаст, аз нависанда тақозо мекунад дар бораи иқдомоту фаъолияти анҷуманашон ба ихтисор, лоақал бо чанд калима ибрози ақида кунад. Лев Николаевич дар номае посух медиҳад:
«Дўсти азиз, Шумо ҳақ доред, тасаввур кунед, ки ман бояд ба «Анҷумани пайравони мактаб Толстой» алоқа нишон бидиҳам. Вале аз ин ки дар замири ман ҳанўз ба қадри кофӣ кибру ғуруре баҷо мондааст, ки моро аз доштани алоқа ба «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» боздорад, мутаассифам. Ман ҳамеша бар ин бовар будаам (ва он бовар собит ва тағйирнопазир аст), ки узвият дар анҷумани дерин ва куҳане, ки ба ҳангоми оғози зиндагии башар бар мабонии ақлу шуур ба дасти Худованд таъсис шудааст, аз узвият дар анҷуманҳои маҳдуде, ки худамон таъсис мекунем, боздеҳи бештаре дорад. Мо ин анҷуманҳоро ба манзури расидан ба аҳдофе, ки бароямон кобили дарк аст, таъсис мекунем. Ман фикр мекунам афзалияте, ки барои анҷуманҳои худ қоил мешавем, ба хотири он аст, ки нақшеро, ки дар он анҷуманҳо ифо мекунем, ба маротиб муҳимтар аз нақше мепиндорем, ки дар анҷумани номутаноҳии худовандӣ иҷро мекунем.
Ҳар се навъи фаъолияте, ки дар номаи худ бад-он ишора намуда будед, бояд гуфт, ба дасти касе қобили иҷрост, ки ба ҷойи узвият дар «Анҷумани пайравони мактаби Толстой» худро узви анҷумани номутаноҳии худовандӣ бидонад.
Чунин касе, агар одами дурусте бошад (ба тавре ки медонам, Шумо марди дурусте ҳастед), аввалан то ҷойе, ки битавонад, дар тарвиҷи афкоре, ки лаззати рўҳӣ ва нерўи зиндагии ўро фароҳам кардааст, хоҳад кўшид, сарфи назар аз ин, ки ин афкор аз Толстой бошад ё аз каси дигар.
Сониян, бо тамоми қуво хоҳад кўшид мардумро дар бозгўӣ ва баёни афкору ақоидашон дар бораи масоили ҳаётӣ ва аслии зиндагӣ ташвиқу тарғиб кунад.
Солисан, саъй хоҳад кард, то ҷойе, ки дар тавон дорад, касонеро, ки бо эшон тамосу бархўрд пайдо мекунад, хушҳолу хушбахт созад. Илова бар ин, ба ёрии касоне хоҳад шитофт, ки ба хотири пайравии дақиқ аз ойини Масеҳ дучори мушкил мешаванд.
Касе, ки ба анҷумани номутаноҳии худовандӣ тааллуқ дошта бошад, илова бар он чӣ гуфта шуд, бисёре дигар аз аъмолу рафтори марбут ба ойини Масеҳро, ки на ба василаи «Анҷумани пайравони мактаби Толстой», на ба василаи анҷумани дигаре пешбинӣ ва мушаххасшуда ба марҳалаи иҷро дармеоварад.
Ман қабул дорам, ки гирд омадани мардуми ҳамфикр дар анҷуманҳо манфиате низ дар бар дорад. Аммо фикр мекунам, зиёни чунин созмонҳое ба маротиб беш аз фавоидашон бошад. Аз ин рў, иқрор мекунем, ки агар бихоҳам узвияти худ дар анҷумани номутаноҳии худовандиро ба ширкати зоҳиран муфид дар яке аз анҷуманҳои башарӣ диҳам, барои ман мусибати бузурге ба вуҷуд хоҳад омад.
Аз ин ки бо Шумо ҳамфикр нестам, мутаассифам, вале чӣ кунам, наметавонам ба гунаи дигар фикр кунам».
Лев Николаевич Толстой
Маҳкуми бегуноҳ. – Душанбе: «Меҳроҷ Граф», 2017. – 228 саҳифа.
Ин навиштаҳо, ки ҳоло мутолиа кардед, аз китоби Лев Толстой “Маҳкуми бегуноҳ” бознашр шуд. Китоби мазкур соли 2017 дар нашриёти “Меҳроҷ Граф” бо талош ва пешгуфтори Шодӣ Шокирзода Нуъмонпур чоп шудааст. Дар бораи китоб, ки маҷмуъи ҳикоя, номаҳо ва хотироту андарзҳои Лев Толстойро фаро мегирад, як суҳбати муфассалтаре хоҳем дошт. То он замон аз шумо даъват мекунм бо китоб дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ошно шавед.
Таҳияи Сайидғуфрон Шарифӣ,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон