Библиография бахшида ба Тоҷикистон дар солҳои 20-30 – юми асри ХХ бештар аз тарафи олимон, сайёҳон ва библиографони рус анҷом мепазируфт. Танҳо баъди пайдоиши китобхонаҳои шаҳрӣ ва шўъбаҳои библиографии он дар ҷумҳурӣ фаъолияти касбии библиографӣ роҳандозӣ гардид ва барои ба низом даровардани фаъолияти китобхонаҳо ва хусусан шуъбаҳои библиографӣ аз китобхонаҳои бузурги ИҶШС, аз ҷумла китобхонаҳои шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги имрўза) техникаи китобдорӣ аз ҷумла баргаҳо, формулярҳо, тамғаҳо барои китоб ва ғайраҳо, якҷоя бо дастурамал бо забони тоҷикӣ дастрас карда мешуд.
Хадамоти библиографӣ дар китобхонаҳо тадриҷан, бо ёрии библиографони рус аз ҷумла, мутахассисони китобхонаҳои Москав ва Ленинград ва мутахассисони маҳаллие, ки курсҳои тайёрии китобдориро хатм намуда буданд, ба роҳ монда мешуд. Бо кўмак библиографони рус дар китобхонаҳо ташкил ва таҳияи картотекаи мавзўӣ, рўйхати тавсиявӣ, шарҳи адабиёт ва ғайра ба роҳ монда шуд.
Дар атрофи ин мавзуъ ва чанд мавзуъи ба он алоқаманд аз шумо даъват мекунем мақолаи “Пайдоиши фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳои оммавӣ ва чойхонаҳои сурх”-ро бихонед.