«Инъикоси дастовардҳои Истиқлолият дар матбуоти даврӣ». Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои истиқлолият дар матбуоти даврӣ» доир гардид. Дар чорабини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов, Манижа Баҳромзода ва кормандони Китобхонаи миллӣ, донишҷӯён иштирк доштанд. Дар ҳамоиш зикр шуд, ки воқеъан, матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифгари миллатҳо буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад.

Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо боиси болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Аз ин хотир, чеҳраҳои намоёни фаҳангу адабиёт ҷойгоҳ ва нақши матбуотро баланду босазо арзёбӣ кардаанд. Ҷалолуддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург аст.

Нақши матуот хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа табадулоти идеология ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд аст. Дар замони Истиқлолият теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо ҳадафҳои неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлоли воқеии кишвар, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузоштанд”,- гуфт Ҷалолуддин Нурзода.

Зимни суханронии худ Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки айни замон дар ҷумҳӯри беш аз 376 рӯзнома аз ҷумла 112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла аз ҷумла давлати 114 ғайридавалтӣ 131, 11 агентии иттилоотӣ аз ҷумла 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10 то ғайри давлатӣ, 49 телевизион аз он 13 то давлатӣ ва 33 ғайри давалатӣ,  32 радиои аз он 10 давлатӣ ва 22 то ғайри давлатӣ фаъолият мекунанд.

Зикр шуд, ки  бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати демокарти будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад. Ба андешаи З. Давлатов ягон монеае барои фаъолияти матбуот вуҷуд надорад.

Нахуст рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” равзанае буд, ки дар тирашабҳои Бухорои он даврон ба сари мардум нури маърифат мепошид”- изҳор дошт Далер Мерганов муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» ва илова намуд, ки ҳарчанд ин рӯзнома қариб як солҳам фаъолият накарда бошад, вале тавнист рисолати худро иҷро намояд. Мавсуф зикр дошт, ки  бо қаророи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шудани рӯзи матбуоти тоҷик 11 март ин арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳли қалам мебошад. Ба андешаи Далер Мерганов имрӯз ҷангҳои иттилоотӣ зиёд аст, аксар давлатҳо ба муборизаҳои иттилоотӣ машғуланд дар қиболи ҳамдигар ва дар ин раванд журналистон ҳамчун афсарони иттилоотӣ мавқеи хоса доранд.

Сангин Гулов, устоди факулатаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр дошт, ки замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ як низоми матбуот, матбуоти ҳизбию шуравӣ буд, имрӯз қонунгузории замони истиқлолият имкон дод, ки гуногун молиякиятӣ, гуногуншаклӣ  ба матбуоти мо роҳ ёбад ва имрӯз мо матбуоти расмии давлатӣ, матбуоти ҳизбӣ, матбуоти ҷамъияӣ, матбуоти шахсӣ, матбуоти тиҷоратӣ ва амсоли онҳоро мебинем, ки бо шарофати давлатӣ соҳибистиқлолу демокартӣ ба миён омадааст. Ба таъкиди С. Гулов дар арафаи истиқлолият яъне соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 121 маҷаллаю рӯзнома фаъолият мекард ва ин рақам имрӯз ба 376 адад расидааст, ки қариб 3 маротиба рушд кардааст. Матбуоти мо дар инъикоси дастовардҳои истиқлолият саҳми босазо гузоштааст, аз ҷумла аз давраи парокандашавӣ то давлати имрӯзаи босубот, ташаккулёфта ва бонизомро матбуоти мо инъикос кардааст. Дар тафаккури ҷомеа ва насли наврас маҳз матбуот ва расонаҳо ифтихори Ватандорӣ,  ифтихори давлатдорӣ ва соҳибиистиқлолиро бедор ва ҷой карданд.

Манижа Баҳромзода, устоди факулати журналистикаи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар баррасӣ ва тарғиби ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии об нақши матбуоти даврии тоҷик низ назаррас аст. Бахусус, баъд аз пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об, таваҷҷуҳи матбуоти расмӣ ва мустақили тоҷик ба ин мушкилот бештар гардида, ба воситаи мақолаву мусоҳибаҳои гуногун аҳли ҷомеа ба самаранок истифода бурдани об ва расидан ба қадри ин неъмат даъват шудааст. Инчунин суханронӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ доир ба проблемаҳои глобалӣ, дар матбуот ба таври муфассал нашр гардида, хонандагонро аз мавқеъгирӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот огоҳ намуданд. Дар партави ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, рӯзноманигорони тоҷик назари коршиносони дохил ва хориҷи мамлакатро дар муҳим ва ҳалкунанда будани иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пурсон шуда, натиҷаи онро пешниҳоди хонандагон гардонидаанд.

Дар чорабини зикр шуд, ки имрӯз нусхаҳои электронии  рӯзномаи «Бухорои шариф» дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхона нигоҳдорӣ ва барои хонандагон пешкаш карад мешавад. Имрӯз дар махзанҳои шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ беш аз 959 ҳазор нусхаи рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва наздики  527 ҳазор нусхаи маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекию англисӣ нигаҳдорӣ мешванд.

Ёдовар мешавем ,ки дар ҳамоиши илмӣ – оммавӣ муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон  дар мавзӯҳои «Матбуот ва Истиқллияти давлатӣ», “Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об”, «Саҳми матбуот дар тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ»  маърӯза ва муҳокимаронӣ  намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегадид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд. Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон  С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллат- «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» ва ғайра зиндагиномаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст.

Абдураҳими АБДУҚАХХОР

муовини сардори

шуъбаи матбуоти даврӣ.

Барчаспҳо: