Воридоти қариб 80 ҳазор рӯзномаву маҷалла зарфи ҳашт моҳи охир

Дар  8 моҳи соли 2020 ба шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ 7079 рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони тоҷикию русӣ ва ӯзбекӣ  ворид шудааст, ки аз ин теъдод 5740 нусхаро рӯзномаҳои ҳатмию обунавӣ, 543 нусха рузномаҳои ноҳиявӣ ва 796 нусхаро маҷаллаҳо ташкил медиҳанд. Аз рӯи таҳлилҳо талаботи хонандагон бештар ба рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Минбари халқ”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи “Точикистон” бештар мебошад.

Ҳамарӯза хонандагон дар толор матолиби дархӯри худро аз маҷаллаҳои зикр шуда, дарёфт намуда, мутолиа мекунанд. Ҳамчунин хонандаҳои нашрияҳои “СССР”, “Фараж”, “Имрӯз-NEWS, “Мароми пойтахт” низ кам нестанд. Яъне, хонандаҳо ба ҳама он нашрияҳое, ки имрӯзҳо чоп мешаванд, таваҷҷуҳ доранд, вале бештари хонандагони мо, ки донишҷӯёну унвонҷӯёну магистрантон мебошад таваҷҷуҳи бештари онҳо ба нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Минбари халқ”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва  “Точикистон” бештар мебошад, ки тибқи дархости онҳо кормандони шуъба талош мекунанд саривақт иҷро намоянд. 

Бояд гуфт, шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз маконҳои бою пурғановат дар нигоҳубини рӯзномаву маҷаллаҳо ба шумор меравад.  Ҳоло дар фонди шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ рӯзномаҳои кишвар аз соли 1930 то имрӯз маҳфуз мебошанд. Ҳар ҳафта кормандони шуъба 49 номгӯй рӯзномаҳоро қабул карда, ба хонандагон дастрасу пешниҳод месозанд. Ҳамин тавр дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ барои дастрасӣ пайдо намудани ҳаводорони матбоути даврӣ беҳтарин шароитҳо муҳайё шуда, барои он ки хонандагон аз таъриху тамаддун, дастовардҳои кишвар, бурду бохти ҳаррӯза, боло бурдани сатҳи донишу тафаккур, равнақ додани худшиносию худогоҳи бештар воқиф гарданд, тамоми нашрияҳое, ки дар  кишвар ба нашр мерасанд бе ягон мамоният пешкаши эшон менамоянд.

Абдуллозода Бунафша,

мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.

Барчаспҳо: