«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Рӯзи дуюм. Аловиддин Абдуллозода 79 довталаби Хатлонро сарварӣ мекунад
Ҳунарманди варзидаи кишвар Аловиддин Абдуллозода бо 79 нафар довталабон аз вилояти Хатлон, ки дар ҳар 5 номинатсия ширкат хоҳанд кард, ба Душанбе омадааст. Мавсуф зимни суҳбат бо мо гуфт соли гузашта ба вилояти Хатлон ҷойизаи ифтихории ин озмун рафта буд, ки имсол ният дорем ҷоизаҳоро бештар намоем ва барои ин доваталабони мо бо тайёрии пухта ва ҷиддӣ омадаанд.
«Хеле хӯшҳолам, ки таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхона зиёд шудааст. Вақте ин ғунҷаҳои китобхони меҳанро мебинӣ, ки барои дониш, илм ҷаҳонбинӣ, забондонӣ ҷаҳду талош меварзанд, албатта ояндаи неку дурхашони Тоҷикистон ба назаратон намоёнтар мешавад. Ман ба ҳама иштирокчиёни Бадахшону Суғд, Хатлону Ҳисору Раштонзамин ва ба ҳамаи иштирокдорон, ки бо як орзуву умед омадаанд барор мехоҳам»,- иброз дошт Аловиддин Абуллозода.
Озмуни имсола аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд.
Муртазо Зайниддинзода раиси номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» гуфт маълум аст, ки имсол иштирокдорон бо таёрии ҷиддӣ омадаанд. «Ҳарон камбудие, ки дар соли нахуст буд, дар имсол суфта шудааст. Онҳое, ки соли дувум иштирок мекунанд, хеле суҳбаташон ҳам озод аст, ҳарчизе, ки дар соли аввал ба онҳо эърод гирифта бошанд, онро ислоҳ кардаанд, теъдоди асарҳои мутолианамудаашон ҳам зиёд шудааст. Як чизи фарқкунандаи озмуни имсола тарзи суҳбату забондонӣ, баёни андешаи озод, ба баҳсҳо ворид шудан ҷасорати довталабон мебошад, ки ростӣ хеле моро хурсанд мекунад», - гуфт Муртазо Зайниддинзода.
Ба иттилоъи Муртазо Зайниддинзода ҳастанд доваталабоне, ки аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» китобҳои адибони Ғарбро бо забони асл мутолиа намудааанд ва бо забони англисӣ озода атрофи асари хондаашон суҳбат мекунанд, муҳтавои асосии асарро бо ҳамин забон баён месозанд. Ҳамзамон русидонии довталабон ҳам касро дилгарм мекунад ва албатта ин нишонаи он, ки дастуру фармудаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забондонии ҷавонон амалӣ шуда истодааст, ки ғайр аз забони модириашон боз ду - се забони хориҷиро аз худ кардаанд ва бо он китобҳо мехонанд- гуфт М. Зайниддинзода.
Мавриди зикр аст, ки дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» 61 нафар товталаб ширкат мекунад, ки то инҷониб 7 нафари он шунида шудаанд.
Муродҷон Бойсаризода аз шаҳри Исфара яке аз иштирокчиёни хурдсоли озмун аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» мебошад, ки дар рӯзи дуюм назди доварон баромад дошт. Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт суолҳои аъзои ҳакамон чандон душвор набуд, зеро давоми як соли охир 93 китобро мутолиа намуд ва аз рӯи онҳо бо доварон баҳс дошт. Ӯ гуфт дар ин мудат ҳам асари адибони Ғарб, Шарқ, адибони рус ва ғайраро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутолиа кардааст ва умедвор аст, ки сазовори ҷойи намоён мешавад.
Дар озмун шахсони касбу кори гуногун иштирок доранд, ки толибилмону донишҷӯён истисно нестанд. Яке аз иштрокчиёни хурдсол аз шаҳри Хуҷанд ҳамаги 5 сол дорад, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик назди доварон бо лаҳни шевову ширин баромад намуда, ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт: «Доварон хеле бо муҳаббат пазироӣ кардаанд, суолҳояшон фаҳмову сода буд ва тавонистам аз назик бо нависандагони ашъори бачагон рӯ ба рӯ суҳбат намоям, ки хеле бароям хотирмон аст”.
Хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ки дар даври вилоятии озмуни мазкур сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд, зимин суҳбат бо мо гуфт, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як имтиҳон ва озмоиши одӣ нест, балки ин аз доираи як озмуни одӣ берун аст, муаллими сахтгирест, ки имрӯз ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат-хоҳ аз тамаддуни тоҷик ва хоҳ тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёт, шууру оянда ва ботини моро аз ҳар ҷиҳат пурқудрат мегардонад». Ба андешаи ин иштирокчӣ, баргузории озмуни мазкур барои тамоми дӯстдорону ҳаводорони олами китоб самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад. Ба суоли мо дар робита ба он ки ӯ бо чӣ мақсад ба озмун омадааст, чунин гуфт: «Ман ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадам, то фурӯғи олами идроки ман равшантар гардад, то бо чашми дили худ, бо чашми идроки худ тулӯи офтоби ояндаи дурахшони зиндагии худро таъмин созам».
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад, ки шумораи иштирокчиён 267 нафарро аз рӯи 5 номинатсия ташкил медиҳад. Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.
Бояд гуфт ин соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат баргузор мешавад ва интизор меравад, ки соли оянда низ ба муносибати 30 солагии ҷашни Истиқлол озмуни мазкур баргузор карда шавад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ