“Тифлакон кай шино карда меоянд?”
Нависандае, ки инак, мехоҳам ба хонандаи арҷманд ва ниҳоят гиромии тоҷик муаррифӣ ва чанде аз асарҳои ба назари банда ҷолибу хонданибоби онро пешниҳод намоям, ҳаёти рангину аз лиҳози адабӣ нотакрор ва намунаи ибратро паси сар кардааст.
Тэру Миямото 6 марти соли 1947 дар ш. Кобе ба дунё омадааст. Тавре мунаққидони адабӣ менависанд, ӯ дар як замон дар қатори нависандагони номӣ, аз қабили Рю Мураками ва Кэндзи Накагава рӯйи мавҷҳои “насри ҷадиди ҷопонӣ” ба адабиёт ворид шудааст. Вале агар номи ду нафари охир дар Русия вирди забонҳо шуда бошад, шахсияти Тэру Миямото ба доираи маҳдуди мардум шинос буд. Сабабаш, пеш аз ҳама, дар он аст, ки асарҳои ӯ дар ибтидо ба забони русӣ тарҷума нагардида буданд. Ҳамчунин метавон гуфт, ки дар пасманзари то вақтҳои охир инҳисор шудани хонандагони рус бо асарҳои Муракам ва Банани, номи вай беинсофона сарфи назар шудааст.
Аввалан, барои он ки дар худи Ҷопон ба Тэру Миямото, ки ҳам дар ҷараёни “оммавӣ” ва ҳам дар адабиёти “тоза” асар эҷод менамояд, на камтар аз Харуки Мураками эҳтиром мегузоранд. Сониян, барои он ки Миямото ба доираи адабии Русия аз тариқи рафҳои китобхонаҳо набошад ҳам, хеле барвақттар аз нависандагони номдор ворид шуда буд. Аввалин повести вай “Рӯди лойолуд” (Доро-но кава), вақте ки соли 1981 филми ҳамноми коргардон Кохэя Огури сазовори мукофоти кинофестивали Москва гардид ва соли 1982 ба ҷоизаи “Оскар” пешниҳод шуд, тавассути толорҳои кинотеатрҳо ба тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гашта буд.
Вале баъд аз ин дар Русия ситораи нави Ҷопонро, ки дар фосилаи байни наслҳои Кобо Абэ ва Харуки Мураками дурахшида буд, барои солиёни зиёд фаромӯш карданд. Ва танҳо соли 2000-ум, баъд аз он ки ниҳоят дар нашриёти “Восточная литература” повести “Дарёи лойолуд” бо якчанд ҳикояҳои муаллиф бо забони русӣ нашр шуданд, ӯро боз ба ёд оварданд ва бо шуру шавқ дар борааш сухан мегуфтанду васфаш мекарданд. Бале, ба ёд оварданду аз истеъдоди баланд ва ба худ хоси нависанда дар ҳайрат монданд. Ҳамзамон дар Ҷопон Тэру Миямото аз ҷониби танқиди адабӣ навозишу меҳрубонӣ дида, бо мукофотҳою теъдоди бузурги нашри асарҳояш дар тамоми давраи фаъолияти эҷодиаш эрка карданд.
Баъди хатми факултети адабиёти донишгоҳи Отэмон Гакуэн, ба оҷонсии реклама ба кор даромад, вале бо гузашти муддати кӯтоҳ онро тарк карда, ба адабиёт рӯ овард. Каме баъдтар Миямото боз як кӯшише кард то ба тиҷорат баргардад, вале дубора аз баҳраш гузашт. Бахт дафъатан ба рӯяш хандид ва шӯҳратёр шуд ва дигар ҳеҷ вақт аз вай рӯй нагардонид. Соли 1977 Миямото барои эҷоди аввалин повесташ – “Рӯди лойолуд” (Доро-но кава) ба мукофоти адабии ба номи Дадзай Осаму ва соли 1978 барои асари нави худ – “Дарёи шабчароғҳо” (Хотару-гава) ба бонуфузтарин мукофоти адабии Ҷопон ба номи Рюноскэ Акутагава сазовор гардид. Дар якҷоягӣ бо повести “Дарёи Дотомбори” (Дотомбори–гава) ба истилоҳ силсилаи асарҳоро дар бораи дарёҳо ташкил намуданд. Дарвоқеъ, ҳарсеи асарҳои “дарёӣ” солҳои 80-ум филмбардорӣ шуда буданд. Ҳамчунин соли 1995 аз рӯи романи Теру Миямото “Нури хаёлӣ” (Мабороси-но хикари) филми нави бадеӣ ба навор гирифта шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ба қалами Миямото асарҳои зерин, аз қабили романи “Баҳри доимо тағйирёбанда” (Рутэн-но уми, с. 1984), романи “Ситораи зимистона” (Ти-но хоси, с. 1992), романи “Маҳбуби малика” дар ду ҷилд (Юсюн, с.1986), ки бо мукофоти адабии ба номи Эйдзи Ёсикавӣ сазовор шудааст, романи "Зарбофти гулдор" (Кинсю, с.1989), романи дуҷилдаи "Курсӣ дар биёбон" (Согэн-но ису, с.1999) ва ҳамчунин бисёре аз асарҳои дигаре, ки дорои аҳамияти баланди адабӣ мебошанд, тааллуқ доранд. Тэру Миямото аз ҷумлаи нависандагони машҳуре мебошад, ки асарҳояш бо теъдоди хеле зиёд нашр ва дастраси хонандагон гардидаанд. Бисёре аз асарҳои вай ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Абдуғаффор Қурбонов
Намунае аз эҷодиёти ин адиби варзида китоби повест ва ҳикояҳои ӯ бо номи “Тифлакон кай шино карда меоянд?”-ро дар тарҷумаи Абдуғаффор Қурбонов ва пешгуфтори профессор Шамсиддин Солеҳ ин ҷо меорем. Умедворем писанди ҳамагон қарор мегирад.