Мазҳакаи лирикии тоҷик «Ман бо духтаре вохӯрдам»
Филме мондагортар аз инро камтар ёд дорем. Шояд аввалин мелодрамаи тоҷик буд, ки дар сар то сари кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат касб кард. Филме, ки имрӯз ҳам онро тамошо мекунанд. Гарчанде аксари ҳунарпешагонаш аз олам рафтаанд, вале боз ҳам шояд аз пурбинандатарин филм дар таърихи “Тоҷикфилм” бошад.
“Ман ба духтаре вохӯрдам”. Номи ҷаззоб ва дар аввалин дид таваҷҷӯҳи бинандаро ҷалб мекунанд. Кӣ духтарро вохӯрд, кай дар куҷо? Ва баъд чӣ шуд бо он духтар?
Суолҳое, ки дар зеҳн пайдо мешавад ва посухашон рушану возеҳ дар худи филм дода мешаванд. Муҳим, ки суолкунанда онро бубинад.
Ин филм саршор аз лаҳзаҳои хотирмон ва таронаҳои дилошӯб. Оҳангҳои марғубу саҳнаҳои диққатҷалбкунанда.
Филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» ҳанӯз соли 1957 дар Даҳаи рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва, ҳамчун жанри мусиқӣ-мазҳакавӣ дар назди тамошобинони сершумор аз боигарии маданият, оҳангу рақсҳои миллии тоҷикон намунаҳо намоиш дода, баҳои баландро гирифтааст.
Филм ба муборизаи зидди боқимондаҳои расму оини зарарноки замони кӯҳна бахшида шуда буд. Дар он таърихи аҷоиби қаҳрамони асар Лола (Р.Акобирова) ҳикоят меравад. Лола дар давраи ҳаваскорони санъат иштирок карда, бо ёрии дӯстони худ кафшергари барқ Саид (Ҷаҳон Саидмуродов), чойхоначӣ Ниёз (Абдулхайр Қосимов), Меҳринисо-хола (София Тӯйбоева), Олим (Тоҳир Собиров), падари якраваш Мухтор (Аслӣ Бурҳонов), мудири корхонаи асбобҳои мусиқиро розӣ кунонида оқибат ба мақсади наҷибаш мерасад.
Дар мазҳакаи «Ман бо духтаре вохӯрдам» коргардони филм ва бастакор бо хореограф устоди рақс Ғаффор Валаматзода, Азиза Азимова барои тасвири саҳнаи фестивали ҷавонон ва баромади ҳаваскорони санъат шаклу услубҳои аҷоиб ба кор бурдаанд.
Мусиқӣ ва сурудҳои дилпазир, баромадҳои алоҳидаи ансамбл ва ҳунармандон диққатрабост. Онҳо зуд дар миёни мардум машҳур шуда, ба ҳаёту зиндагӣ ҳамдам гардидаанд.
Филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» барои кинои тоҷик ҳунармандони боистеъдоди ҷавонро кашф намуд. Ҳунармандони ҷавон Роза Акобирова, Ҷаҳон Саидмуродов, С. Саъдиев, Абулхайр Қосимов, Тоҳир Собиров маҳорати баланд нишон додаанд. Инчунин устодони санъати кино ва театри тоҷик София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов дар филм ба муваффақиятҳои калон ноил гаштаанд. Сурудҳои филмро бар ашъори Мирзо Турсунзода чун таронаҳои халқӣ то ҳанӯз хонда мегарданд.
Ин мазҳакаи лирикии тоҷик, ба хазинаи тиллоии киностудияи «Тоҷикфилм» дохил гардидааст. Он соли 1958 соҳиби шоҳҷоизаи кинофестивали мамлакатҳои Осиё ва Африқо гаштааст. Хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонанд ин филмро дар толори маводхои мусаббати аудио-видео шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар тамошо намоянд.
Адабиёти истифодашуда:
1.Мирзошоев С.Роҳи кинои тоҷик. – Душанбе: «Ирфон». – 1973. –саҳ.193.
2.Раҳимов С. Нурипарда. – Душанбе:СарредакцияиЭнсиклопедияиМиллии Тоҷикистон. – 2004. –саҳ.248.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.