Фирўза Амоноваро бишносем

Ӯ ҳамагӣ 50 сол умр дид. Шахсе, ки дар ҳамин умри кутаҳ аз худ даҳҳо асар бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба ёдгор гузошт. Дар таҳкими равобит бо марокизи эроншиносии олам хизматҳои арзишманд кард.

Фирўза Амонова    30-уми июли соли 1951 дар  шаҳри  Душанбе  ба  дунё  омадааст.  Шарқшиноси  тоҷик,  доктори  илмҳои  филология  (1991),  профессор (1998).   

Хатмкардаи  Университети  давлатии  Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)  (1974).  Дар ҳамин  муассисаи  таълимӣ  то  охири  умр  дар  вазифаҳои  лаборант,  муаллими   калон,  дотсент,  муовини  проректор  оид  ба  корҳои  илмӣ,  мудири  кафедраи  филологияи  Эрон  ба  кори  педагогӣ  ва  илмӣ  машғул  шудааст.  Оид  ба масъалаҳои  калимасозӣ,  ономасиология  дар  забони  форсӣ  ва  ғайра  зиёда  аз 100  асар  навиштааст. 

Ҳангоми  мудири  кафедра  будани  Фирўза Амонова  равобити  кафедра  бо  марказҳои  эроншиносии  хориҷӣ  густариш  ёфт.  Амонова  Фирўза  соли  2001  дар  шаҳри  Душанбе  аз  олам  гузашт.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик» . – 2011. – Ҷ. 1. – С. 394.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Фирӯза Амонова ин матолибро метаовнед дастрас кунед:

Таҷрибаи таҳқиқи ономасиологии системаи дериватсионии забони форси муосир. – Душанбе, 1985.

Амонова, Ф. Мадхали забоншиносӣ: Хулосаи дарсҳо / Воситаи таълим барои донишҷўёни соли аввали факултаи ховаршиносӣ. – Душанбе, 1992. – 98 с.

Муқаддимаи забоншиносӣ. – Душанбе, 1993.

Амонова, Ф. Забони форсӣ: Дастур ва матн соли дувуми омўзиши олӣ. – Душанбе: Маориф, 1994. – 186 с.

Амонова, Ф. Забони форсӣ: Дастур ва мутун соли севвуми омўзиши олӣ / Муҳаррир Н. Ҷураев. – Душанбе, 1996. – 152 с.

Амонова, Ф. Нақши нимвандҳо дар вожасозии форсӣ ва масоили вожасозӣ дар ономасология: Силсилаи забони форсӣ ва забони илм // Ахбороти Академияи фанҳои ҶТ. – 1991. – №4 (4). – С. 25-30.

Абдуллоева, С. Барои ў ҳама аз ранҷи беш аст: Чанд лаҳза аз рўзгори олима, доктори илмҳои филологӣ Фирўза Амонова // Фирўза. – 1993. – №2. – С.17.

Адабиёт бо забони русӣ

Амонова, Ф. Именное аффиксальное словообразование в современном персидском и таджикском языках: Учебное пособие. – Душанбе: ТГУ, 1982. – 56 с.

Амонова, Ф. Проблемы деривационной ономасиологии современного персидского языка / Отв. ред. А.Л. Хромов. – Душанбе: Дониш, 1990. – 102 с.

Амонова, Ф. Опыт ономасиологического исследования деривационной системы современного персидского языка. – Душанбе, 1996. – 286 с.

Таҳияи Насиба Дониёрова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ