90 соли Қиматшо Иматшоев
Нашр шуд 2020-05-21 08:36
Қиматшо Иматшоев агар зинда мбуд, имсол ба синни 90 даромада буд. Моро аз марги нобаҳангоми ин ҳунарманди нотакрор 48 сол ҷудо мекунад. Яъне, ҳуудан ним аср аст, ки бо мо нест. Вале дар м аҳфилҳои ҳунариву театрӣ ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ҳунарманде буд, ки бо образҳои мондагораш дар ёду хотири биннад боқӣ мондааст.
Қиматшо Иматшоев 30 апрели соли 1930 дар оилаи деҳқон дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст.
Иматшоев Институти давлатии санъати театрию рассомии ба номи А.Н.Островский шаҳри Тошкент (ГИТХИС)-ро хатм намудааст (1954). Актёри Театри драмаи мусиқии ба номи А. Рўдакии шаҳри Хоруғ (1954-1956), барандаи консерт ва сарояндаи Ансамбли мусиқӣ, тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956-1957), роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шаҳритус (1957-1958), актёри Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1959-1972) фаъолият намудааст.
Фаъолияти эҷодиаш асосан дар саҳнаи ҳамин театр рушду такомул ёфтааст. Ў дар бисёр намоишҳои драматургони тоҷик, рус, классикони ҷаҳон ва халқҳои бародари Иттиҳоди Шӯравӣ нақшҳои асосиро бозидааст.
Иматшоев дар давоми фаъолияти эҷодиаш чандин образҳои асосии фоҷиавию маҳзакавӣ ва романтикиро офаридааст ва маҳорати ҳунариаш бештар дар иҷрои нақшҳои маҳзакавӣ зоҳир гаштааст. Валтер Кид («Овози Америка»- и Б. Лавренов, 1954), Бахтиёр («Нисо»-и Б. Виталев, 1955), Ҳоҷиваққос («Арўси панҷсума»- и М. Урдубодӣ, 1961), Дзержинский («Соатҳои бурҷи Кремл»- и Н. Погодин, 1962), Муҳоҷир («Сароби хунин»-и С. Азимов, 1966), Раҳимбоев («Ҳурият»-и Ғ. Абдулло, 1967), Дилшод («Ҳукми модар» - и Ф. Ансорӣ, 1969), Анта («Мурдаҳои пок»-и Б. Нушич, 1970), Ҷўра Содиқович («Тағо ва ҷиноятҳо»-и Р. Бобоҷон, 1971), Труфалдино («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, 1971), Раҳмат («Ман Фахриддинов»-и Ҷ. Икромӣ, 1972) ва ғайра.
Иматшоев ҳамчунин ҳамчунин дар як қатор филмҳо нақшҳои асосиро бомувафақият бозидааст: раиси колхоз, («Ҷўра саркор», 1967), директори музей («Минтақаи парвоз», 1969), мудири гараж (Роҳи сафар гуногун аст», 1974) ва ғайра.
Иматшоев маҳорати хуби сарояндагӣ ҳам дошт: алалхусус таронаҳои базмии тўёнаро хеле дилпазир иҷро мекард. Ба Афғонистон (1964, 1968) сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Иматшоев Қиматшо бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст (1970).
Ў санаи 20 октябри соли 1972 аз олам гузаштааст.
Бозчоп: Аз Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе: 1988. – Ҷ.1. – С. 502.
Муалиф: А. Раҳмонқулов
Дар бораи ҳунаманди маъруф дар Китобхонаи миллӣ ин матлабро ҳам метавонед бихонед:
Абдулқайс, Ш. Ибратомўзанд бар ман қуллаҳо: Андешаҳо перомуни симои нуронии марди ҳунар, шодравон Қ. Имматшоев // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 22 сентябр.
Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.