Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки нависанда ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазо баргузор шуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат доштанд. Маҳфил аз ҷониби телевизиони кўдакон ва наврасони “Баҳористон” ба навор гирифта шуд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Нурзода Ҷалолуддин дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи меҳмони маҳфил, нависандаи маъруф бахтиёр Муртазо ва эҷодиёти вай сухан ронд ва аз Бахтиёр Муртазо ба унвони як адиби шинохтаву публистисти маъруф ва тарҷумони чирадаст ном буд.
Сипас, адиби шинохта бо хонандагон вориди суҳбат шуд ва ба суолҳои онҳо посух дод.
Дар маҳфил навқаламон ҳам ҳузур доштанд ва аз навиштаҳои худ қироат намуданд.
Нависандаи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ Бахтиёр Қосимзода Муртазо 25 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён таваллуд шудааст.
Пас аз хатми шўъбаи филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳо бо рўзноманигорӣ шуғл варзида, дар вазифаҳои сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло Ҷавонони Тоҷикистон), мудири шўъба ва узви ҳайати таҳрири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», маҳарири бахши очерк ва публисистикаи маҷалаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Ҳалқӣ - Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» кор кардааст. Зимнан як муддат ин нашрия ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ дар шакли рўзномаҳои алоҳида чоп мешуданд, ки роҳбарии ин замимаҳо низ ба ўҳдаи Бахтиёри Муртазо вогузор гардида буданд.
Ҳоло Бахтиёри Муртазо раиси Бахши очерк ва публисиситикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Муаллифи романи мустанад маҷмуаҳои очеркҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳои «Боғбони гули кўҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Ҷўи навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтобӣ», «Ман чароғ афрўхтам», «Нақби Истиқлол», «Нўҳ чароғи Балҷувону Баҳманрўд», «Ҷавпазак» ва ғайра мебошад.
Бахтиёри Муртазо ҳамчунин повести «Роҳи каҳкашон»–и Ч.Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»–и Стендал, китоби «Садбарги заррин»–и К. Паутовский ва асарҳои дигар адибонро тарҷума кардааст.
Бахтиёри Муртазо ду маротиба дар Ҷумҳурии Афғонистон маъмурият дошта, солҳои 1969 –1973 дар сохтмони шоҳроҳҳои ин кишвар ба ҳайси тарҷумон ва солҳои 1679–1982 дар ҷанги Афғонистон ба сифати афсар хизмат намудааст.
Барандаи ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ мебошад.
Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо нишони Ситораи сурх ва 14 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Фирўза Раҳимова