Идона аз бону Фарзона – Шоири Халқии Тоҷикистон

Бомдодони ид меоянд,

Ҷумъаҳои саид меоянд.

Рўзҳои сияҳ қафо монданд,

Рўзҳои сапед меоянд.

Пир гаштему войи мо, ки ҳанўз

Фикрҳо норасид меоянд.

Боз бар раҳнамоии ману ту

Муршидони рашид меоянд.

Дар раҳи ишқ бонувони латиф

Ҳамчу Гурдофарид меоянд.

Чун муҳаббат тулўъи муъҷизаҳост,

Кўҳнагон навпадид меоянд.

Нур дар нур ҳарфҳои мунир

Аз муҳаббат падид меоянд.

Барчаспҳо: