Шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо 27 мамолики дунё мубодилаи байналмилалии китоб дорад
Нашр шуд 2017-06-07 09:53
Бештари суолҳо дар бораи омўзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забонҳои инглисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ буданд. Маълум буд, ки хонандагон ба забономӯзӣ шавқи бештар доранд. Ва бо истифода аз фурсат кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳамаи хонандагони мактабро барои курсҳои омўзишие, ки Китобхона дар вақти таътили тобистона ба нақша гирифтааст, даъват намуданд.
Дар мулоқоти кормандони Шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ бо устодон ва хонандагони муассисаи таълимии рақами 29-и ноҳияи Шоҳмансур сухан аз дирӯзу имрӯзи Китобхонаи миллӣ ва фазилатҳои мутолиаи китоб дар чуни боргоҳи маърифат рафт.
Кормандони Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба ҳозирин нақл карданд, ки 20 – уми марти соли 2012 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву ҳозиразамони Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд. Онҳо гуфтанд, ки Китобхона дар минтақа назире надорад ва он дорои 25 толори хониш барои 1500 ҷойи нишаст, 28 маҳфузгоҳ барои нигоҳдории 10 млн китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 4 толори намоишгоҳи китобҳо, 36 шуъбаву марказҳо буда, 518 воҳиди корӣ дорад.
Дар ҷараёни суҳбат миёни фиристодагони Китобхонаи миллӣ ва хонандагони мактаб табодули афкор сурат гирифт. Хонандагон бештар дар бораи толорҳои хониш ва шароитҳои Китобхона пурсон шуданд. Бештари суолҳо дар бораи омўзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забонҳои инглисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ буданд. Маълум буд, ки хонандагон ба забономӯзӣ шавқи бештар доранд. Ва бо истифода аз фурсат кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳамаи хонандагони мактабро барои курсҳои омўзишие, ки Китобхона дар вақти таътили тобистона ба нақша гирифтааст, даъват намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ тақрибан бо 42 забонҳои хориҷӣ адабиёт мавҷуд аст. Шуъба бо 27 мамолики дунё мубодилаи байналмилалии китоб дорад ва теъдоди китобҳои мавҷуда барои омўзиши забонҳои хориҷӣ кофианд. Дар айни замон шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо тамоми китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, барои дастрас намудани китобҳои тозанашр аз ҷумла грамматика, луғатҳо, китобҳои бадеӣ, муҳовараҳо ва маҷаллаҳо дархост пешниҳод кардааст.