Васфи дӯстии Тоҷикистону Чин дар ҳамоише дар Китобхонаи миллӣ

Дар толори хониши шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи  миллии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ  бо Институти Конфудсӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бахшида  ба  Ҷашни  68-умин Иди миллии Чин ва 25 солагии барқароршавии муносибатҳои  дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин чорабинии фарҳангӣ доир шуд.  

Дар чорабинии мазкур муовини аввали Директори Китобхонаи  миллии Тоҷикистон Саидҷаъфар Сафаров ва директории Институти Конфудсӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонуми Ҷия  Ҷин  Фан, меҳмонон ва кормандони Китобхона  ширкат  варзиданд.

Муовини аввали директори Китобхонаи миллии  Тоҷикистон  Саидҷаъфар Сафаров дар сухани ифтитоҳии худ мухтасар дар бораи сайри таърихи равобити дипломатӣ миён Тоҷикистон ва Чин ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт: “Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4-уми  январи  соли 1992 барқарор гардидааст. Танҳо дар ҳамон сол Тоҷикистони соҳибистиқлол  бо  50 кишварҳои хориҷӣ  равобити дипломатӣ барқарор кард. Сафорати Чин дар Тоҷикистон фаъолияти худро 13-уми марти соли 1992  оғоз карда, 7 – уми апрели  соли  1997  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин фаъолият  пардохт”.

Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханонаш оид ба сафарҳои Сардори давлати Тоҷикистон ба Чин маълумот дод ва аз ҷумла иброз дошт: “Аввалин  сафари расмии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ба Чин 7-11марти соли 1993 сурат гирифт. Дар ин сафар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Халқии Мардумии Чин  Эъломияи муштарак  дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳо байни ду кишвар ба  имзо  расид.  Дар баробари  ин ҳашт  созишнома ва ду  протокол  дар бораи ҳамкории дуҷониба  низ имзо  шуд.

Саидҷаъфар Сафаров ҳамчунин гуфт, ки “байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин  то  ҳол  зиёда  аз 200 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ  ба имзо   расидааст. Дар баробари дигар давлатҳо Ҷумҳурии  Мардумии Чин  шарики стратегии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҳисоб  рафта, таҳким ва густариши робитаҳои дўстонаи ду кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”.

Дар чорабинӣ  директории Институти  Конфудсӣ  дар назди  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон хонуми Ҷия Ҷин Фан суханронӣ  намуда, оид  ба фаъолияти Институти Конфудсӣ, робитаҳои дўстии Тоҷикистону Чин маълумот  дод.  

Дар  охири  ин чорабинӣ барномаи  консертӣ бо иштироки  Ансамбли  «Наврўз»-и ДМТ  доир  гардид.

Фатҳулло Бобохонов  
Сардори  шуъбаи  адабиёти  хориҷии

Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон

Барчаспҳо: