Шинос шавед: Шуъбаи адабиёти хориҷӣ

Шуъбаи адабиёти хориҷӣ   яке аз шуъбаҳои асосии китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ва онро  метавон китобхонаи хурд дар дохили китобхонаи бузург номид.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар соли 1956 дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кушода шудааст ва қатори бахшҳову шуъбаҳои дигар  аз моҳи марти соли 2012 то ин замон дар бинои нави Китобхонаи миллии Точикистон фаъолият мекунад.
Фаъолияти Шуъбаи адабиёти хориҷӣ  барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Китобхонаи миллӣ  равона карда шудааст. Айни замон фонди умуии шуъбаи мазкур дорои 90000  нусха китоб ва маҷалла бо 42 забони ҷаҳон мебошад.  

Шуъбаи адабиёти хориҷӣ 6 самти асосии фаъолият дорад:

  1. мубодилаи байналмилалии китоб
  2. такмили адабёти хориҷӣ
  3. коркарди адабиёти нав
  4. корҳои библиографӣ
  5. гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ
  6. хизматрасонӣ ба хонандагон.

Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳо мубодилаи байналмилалии китоб  ба шумор меравад. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо 22 давлати ҷаҳон робитаи байнанмилалии китоб дорад. Инчунин шуъбаи адабиёти хориҷӣ воридоти мактуб ва содироти мактуб, воридоти манобеъи электронӣ, диҳиши маълумоти хаттӣ ва шифоҳӣ ва феҳристи рақамиро иҷро мекунад.
Баъд аз гузаштан ба китобхонаи миллӣ дар шуъба 9  чорабиниҳои калони илмӣ-фархангӣ гузаронидааст.
Айни замон дар шуъба 12 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд.
Дар раванди фаъолияти шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4-нафар дар мамлакатҳои хориҷ - Олмон, Ҳинд ва Куриё рафтаву давраҳои омӯзишии такмили ихтисосро гузаштаанд.  Инчунин, иштироки ҳаррўзаи хонандагон, донишҷӯён, аспирантҳо ва дигар кормандон дар 1-моҳ зиёда аз 1150-нафарро ташкил медиҳад, ки кормандони ин шуъба китобҳои дархост намудаи хонандагонро саривақт пешкашашон менамоянд.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ яке аз шуъбаҳои фаъоли Китобхонаи миллии Точикистон ба шумор меравад. Дар шуъба намоиши китоб аз  18 давлати  бо мо шарик аз  хориҷӣ дур ва наздик   ташкил карда шудааст, ки  хонандагон  ва меҳмонон  метавонанд ҳамаруза аз ин  намоиш баҳра баранд.
Ҳар моҳ кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, то  адабиётҳои  нав  ва зиёддархостшавандаро  дар  шуъба барои хонандагон ба намоиш гузоранд.

Сардори шуъба:  Фатҳулло Бобохонов
E- mail: mudassir84@mail.ru

Барчаспҳо: