Баъди Рӯзи Артиши миллӣ

      Баъд аз пош хурдани собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ кишварҳои навтаъсис алалхусус давлатҳои мустаъқили Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дар заминаи биною  иншоотҳои аҳамияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Вазъи душвори ҳарбию  сиёсии он солҳо мутассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою  ғанӣ,  муҳимоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ  бархурдор  гардад.

   Мутаасифона он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги  Афгонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги дохилии шаҳрванди ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист,ки сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Фишорҳои дохилию хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ расонад. Новобаста аз вазъияти ба амаломада сиёсати дуруст ва фаъолияти баробари роҳбарияти давлату ҳукумат дар муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии кишвар ба эътидол омад. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши Миллӣ  афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд. Боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи модию техникӣ метавон гуфт, ки вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои  таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахасисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ба назар мерасид.

    Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амали гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд. Тибқи фармони  Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 04-01-1992 ташкил карда шуд. 30-09-1992  баҳри  иҷрои  фармони  Президенти кишвар аз 17-09-1992  “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа” қарори девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид. Раиси Шурои Олии ҶТ дар замини  ҳайати Фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати конститутсионӣ ташкил карда шуд. Мувофиқи фармони Президенти ҶТ аз 29-09-1992 таҳти №198 ва қарори Шурои вазирони ҶТ аз 03-11-1992 таҳти № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Колеҷи олии ҳарбӣ фармондеҳию муҳандисӣ ташкил карда шуд.

                                                                                           

           23-юми феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ курсантҳо ва сарбозони колеҷ савганди ҳарбӣ қабул карда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд. Бо қарори ҳукумати ҶТ таҳти №195 аз 30-04-2002  Колеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд. Бо фармони Вазири мудофиаи ҶТ таҳти №130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи ҳарбӣ тасдиқ карда шуд.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чи гуяд ҳамон мекунем.

  Артиши миллии Тоҷикистон дар тули 25 соли фаолияташ дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва ба дастовардҳои истиқлолият пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагӣ барои ҳифзи Ватан ва ҷони хешро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашро исбот кард. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷонисориҳои ин фарзандони баруманди халқро фаромуш нахоҳем кард. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандуст афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рункҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ мебошад.  

Умедҷон Ашуров, мутахассиси пешбари шӯъбаи адабиёти хориҷӣ

Барчаспҳо: