Шуъбаи адабиёти хориҷии Китохонаи миллӣ Точикистон яке аз шуъбаҳои бонуфузтарин дар байни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон ба хисоб меравад. Шуъба дорои фонди комили адабиёти хориҷӣ буда, айни ҳол 89041 нусха китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо бо 42 забони хориҷӣ дорад. Теъдоди хонандагони толори хониши шуъба ба 25 ҳазору 382 нафар расидааст.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ аз соли 1961 инҷониб бо 27 китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ дорад. Ҳамарӯза зиёда аз 180 то 220 нафар хонандагон ба толори хониши шуъба меоянд ва китоби мутолиа мекунанд. Аммо дар арафаи имтиҳонот шумори хонандагон меафзояд, чун аксари муштариёни ин шуъба донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахти кишвар мебошанд. Бино ба омори ахир танҳо дар моҳи ноябр кормандони шуъба ба хонадагон 12 ҳазору 764 адад китоб барои мутолиа додаанд.
Моҳи гузашта 399 нафар шаҳрвандони хориҷӣ вориди толори хониши шуъба шудаанд, ки аксари онҳо аз Ҷумҳури Исломии Афғонистон, ИМА, Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Фаронса, Молдова, Чехия, Олмон, Норвегия, Шветсария, Мексика ва Исландия буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои милат, Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бевосита дар паёмҳову баромадҳои хеш зикр менамоянд, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми макотиби миёнаву олӣ ва касбӣ диқат дода шавад! Пешвои миллат беш аз ҳама аз ҷавонон даъват мекунанд, ки забон омӯзанд. Ин аст, ки як бахши муҳими фаъолияти шуъба талқин ва таблиғи омӯзиши забонҳои хориҷист. Ба Шуъбаи адабиёти хориҷӣ тибқи созишномаҳои имзошуда аз тариқи сафоратҳои Русия, Белорусия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ китобҳо мерасанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар соли 1956 дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кушода шудааст ва қатори бахшҳову шуъбаҳои дигар аз моҳи марти соли 2012 то ин замон дар бинои нави Китобхонаи миллии Точикистон фаъолият мекунад.
Фаъолияти Шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Китобхонаи миллӣ равона карда шудааст. Айни замон фонди умуии шуъбаи мазкур дорои 90000 нусха китоб ва маҷалла бо 42 забони ҷаҳон мебошад. Он шаш самти фаъолият дорад:
Дар шуъба намоиши китоб аз 18 давлати бо мо шарик аз хориҷӣ дур ва наздик ташкил карда шудааст, ки хонандагон ва меҳмонон метавонанд ҳамаруза аз ин намоиш баҳра баранд.
Ҳар моҳ кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, то адабиётҳои нав ва зиёддархостшавандаро дар шуъба барои хонандагон ба намоиш гузоранд.
Умедҷон Ашуров,
сармутахасиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ