Консититутсия - кафолати ҳуқуқ ва озодии миллат
Нашр шуд 2017-11-03 17:10
20- уми июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳо 6 - уми ноябири соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Дар яке аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рўзи Консититутсия қайд гардидааст, ки «Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ бо суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст,бунёд кардани давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусиятҳои миллӣ таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад».
Маҳз бо ҳамин шарт давлати навини тоҷикон бунёд гардид, ки дар он ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи мардум воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин карда мешавад ва барои расидан ба ин мақсад вазифаю уҳдадориҳои ҳар як шохаи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ муайан карда мешавад.
Консититутсия арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон,дахлинопазирии ҳуқуқи шахсият, аз ҷумла ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсонро эълон карда, давлатро маъсул месозад, ки ҳуқуқу озодияҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ривоя ва ҳифз намояд.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандонро, новобаста аз мансубият ба миллат, нажод, дину оин, мансаб, ҷинс ва забон назди қонун баробар медонад. Дахлнопазирии шахсро давлат мувофиқи меъёри конситутсионӣ кафолат медиҳад.
Ҳар як шахрванд вазифадор аст, ки эҳтиром ва иҷрои меъёрҳои консититутсионӣ ва талаботи қонунро ривоя кунад, зеро таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу маъсулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати сокинони мамлакат мебошад.
Бигзор, Конститутсия ҳамчун кафили давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, хонаи обод ва нерўи ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт поянда бимонад.
Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Моҳира Бахшова,
сардори шуъбаи АБК