Рустам Ваҳҳобзода. Мухтасари гузориш ва мулоҳизаҳо пиромуни озмун. “Шоирӣ”
Имсол барои ширкат дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз саросари Тоҷикистон 23 нафар довталаб иҷозаи ширкат дарёфт намуданд. Аз ин 23 нафар 20 нафар ширкат карданд ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун ҳузур надоштанд.
Озмун дар ошёнаи дувуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати 07 – 13 декабри соли 2020 баргузор гардид. Ба сабаби камтар будани шумораи ширкаткунандагон нисбат ба дигар номинаҳои Озмун ин бахш зудтар ба итмом расид ва дар ин миён ҳам рӯзҳои таътил дошт, ки ин рӯзҳоро аъзои ҳайати ҳакамон ба омӯзиши маводи пешниҳодӣ сарф карданд, то доварӣ ҳарчи бештар ҳақбинона ва огоҳона сурат бигирад.
Ҳайати ҳакамон иборат аз шаш нафар буд:
- Камол Насрулло;
- Раҳмат Назрӣ;
- Хайриддин Хайрандеш;
- Давлати Раҳмониён;
- Мубашшир Акбарзод;
- Рустам Ваҳҳобзода.
Довталабон ба далели шумораи камтари онҳо ҳамчунин имкони бисёр хуберо барои ҳарчи муфассалтар ироа кардани маводи пешниҳодии худ дар анвоъу ақсоми гуногуни каломи манзум дар ихтиёр доштанд.
Муносибати ҳайати ҳакамон бо осори арзашуда бодиққат, холисона ва бо мувофиқати комили андешаву назарҳо сурат гирифт. Мавридҳое мешуд, ки ҳакамон аз мубоҳисаҳои назариву илмӣ байни худ сарфи назар намекарданд, вале дар ҳар ҳоле ба нуқтаи назари воқеъбинонае, ки баҳои аслии осори арзашуда дар он хулоса мегардид, ба мувофиқат мерасиданд. Эҳсос мешуд, ки довталабон аз донишу таҷрибаи ҳакамон ҳамеша қаноатманд мегардиданд. Дар ин зимн аз тавсияҳои амалӣ ва назарӣ барои пешбурди кори эҷодии довталабон дар оянда низ сарфи назар намешуд.
Аз тарафи масъулони иҷроии Озмун – Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ҷараёни Озмун ба таври комилу тамом бо васоили зарурӣ таъмин ва бозтоб мегардид.
Дар натиҷаи баррасии ниҳоии осори арзашудаи довталабон ва суолуҷавоби ҳайати ҳакамон бо онҳо, барандагони ҷойҳои Озмун дар номинаи шоирӣ ба тартиби зер муаррифӣ гардиданд:
- Мафтуна Назирова – ҷойи якум;
- Шобегим Маликшоева – ҷойи дуюм;
- Шаҳноза Пирова – ҷойи дуюм;
- Малоҳат Толибова – ҷойи сеюм.
Се нафар аз довталабони мумтоз ба Ифтихорнома ва ҷизаи нақдӣ пешниҳод гардиданд:
- Мақсуда Ҳакимзода – Ҳисор, хонандаи синфи 8;
- Моҳпочо Сафарзода – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишҷӯ;
- Мутриба Муҳаммадсафарзода – Файзобод, хонандаи синфи 10.
Се нафари дигар, ки сини нисбатан бештар, таҷриба ва собиқаи эҷодии муфассалтар ва маҷмӯаҳои шеър доштанд, ба таври хоса зимни мувофиқат бо Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба узвияти ИНТ тавсия шуданд, ки баъд аз тайи марҳалаҳои муқарраротӣ ба тасдиқ мерасад. Раёсати Иттифоқи нависандагон бо таваҷҷӯҳ ба сатҳу эътибор ва маҳбубияти фарогири умумихалқии Озмун ва ширкати шоистаи ин довталабон онҳоро бо нишони махсуси ИНТ “Сухан” низ қадрдонӣ намуд:
- Давлат Алӣ – Сангвор, омӯзгор;
- Сафар Абдураҳимов – Ашт, омӯзгор;
- Раҷаб Ғаффоров – Восеъ, омӯзгор.
Ҳайати ҳакамони номинаи “Шоирӣ”-и Озмун бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳое, ки дар ин давра аз ҷараёни фаъолияташон дар Озмун ба даст омадааст, барои беҳбуди кор дар ин бахш ва такмили он баробари дигар номинаҳои Озмун чанд пешниҳодро лозим шумурданд:
1. Тақсими бахшҳои номина ба эътибори сину соли ширкаткунандагон ба се гурӯҳ: хонандагон; донишҷӯён; марҳалаҳои баъдӣ.
2. Тақсими бахшҳои номина ба асоси навъҳои адабӣ: жанрҳо ва навъҳои суннатӣ (анъанавӣ); нав (мудерн, масалан шеъри нав ва сафед); адабиёти кӯдак, насру драма; тарҷума. Бояд гуфт, ки ҳамаи мавридҳои мансуб ба забонҳои хориҷӣ аз номинаҳои дигар беҳтар аст, бардошта шуда, ба як бахши махсус дар ин номина табдил дода шавад, то ҳайати босалоҳияти мутахассисон чун як ҳайати алоҳидаи ҳакамон дар он доварӣ намояд ва ба ин восита донандагони забонҳои хориҷӣ на танҳо як хонанда балки чун тарҷумон низ парвариш шаванд.
3. Дархости тақриз барои асарҳое, ки ба давраи ниҳоии Озмун роҳ меёбанд. Ин тақризҳо бояд аз тарафи мутахассони босалоҳият, адабиётшиносону мунаққидону адибони шинохта дода шаванд. Зеро дар як муддати кӯтоҳи баргузории Озмун ба таври муфассал баррасӣ кардани ҳамаи осори бадеии пешниҳодӣ кори душвор аст. Ҳамчунин ин кор метавонад мусоидат намояд, то осори номуносиб ба даври ниҳоӣ роҳ наёбад.
4. Агар ин пешниҳодот қобили қабул дониста шавад, дар он сурат унвони ин номина бояд фарогири маънои куллитаре бошад ва онро метавон Номинаи “Эҷоди бадеъ” ё “Эҷоди бадеӣ” номид.
Ҳайати ҳакамон маротиби қаноатмандӣ ва сипосгузории худро ба ташаббускор ва ҳомии ин барномаи пурфурӯғи маънавӣ - Пешвои миллат ва ҳамаи масъулону иҷрокорони он арз менамояд ва умед дорад, ки рушду тавсеаи он дар оянда дар баробари дигар самараҳои пурбаракаташ дар пешрафти бесобиқаи адабиёти муосирамон ангезаи неруманде эҷод хоҳад кард.
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук