Толорҳои пур аз хонандаи Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-03-30 12:07
Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Новобаста ба он ки дар бораи короновирус дар кишвар ҳар овоза паҳн мекунанд, вале ин садди роҳи он нашудааст, ки китобхон роҳи китобхонаро гум кунад. Ҳатто рӯзҳои Наврӯз Китобхонаи миллӣ пурра фаъол буд ва ба ҷуз рӯзи 21-уми март, дигар ҳама рӯзҳо толорҳои хониши он пур аз хонандагон буданд. Бедории завқи хонанда ва муштоқи мутолиа шудан, касро шод мекунад. Миллат ба оҳистагӣ ба китобхонӣ бармегардад. Тадбирҳои охир ва бахусу роҳандозии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” бештар аз пештар хонандагонро моил ба китоб кардааст.
Аз сӯйи дигар роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пайваста барои беҳтар кардани шароити толорҳои хониш талош мекунанд. Навбатдории ҳамешагӣ ва назорати риояи ҳамаи қоидаҳои хизматрасонӣ ба хонандагон яке аз ин гуна иқдомот аст.
Эҳсос мешавад, ки рӯз аз рӯз теъдоди хонандагони ҳамшагии Китобхонаи миллӣ меафзояд
Ҳамкоронамон Хусрави Милод ва Фаридуни Азиз соате пештар вориди толорҳои хониш шуданд ва аксҳои бардоштаи онҳоро ин ҷо меорем.