Академик Хурдеша Отахонова аз олам даргузашт
Нашр шуд 2016-06-23 14:00
Аввалин бонуи академик Хуршеда Отахонова, донишманди шинохта ва яке аз пуркортарин олимони кишвар субҳи имрӯз дар синни 84-солагӣ тарки олам кард.
Академик Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2 –юми сентябри соли 1932 дида ба олам кушодааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил крадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидааст.
Падараш Отахон Мўсохоҷаев, соли таваллудаш соли 1901, то соли 1937 дар идораҳои давлатӣ ва советӣ кор мекард. Соли 1937 аз тарафи Коммиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) ба муддати даҳ сол ба ҳабс маҳкум карда шуд. 7- январи соли 1944 ў ба сабаби беморӣ аз ҳабс озод гардид ва 24 майи соли 1952 вафот кард. Отахон Мўсохоҷаев 08 июни соли 1957 бо карори Коллегияи корҳои ҷиноии Суди Олии РСС Тоҷикистон бегуноҳ дониста шуд.
Соли 1948 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон да номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дохл шуда, онро соли 1953 хатм кардааст. Аз ҳамон сол то охири умр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Дар тарҷумаи ҳоли бонуи донишманди тоҷик, ки ахиран Академияи Илмҳои кишвар расонаӣ кард, омадааст:
Солҳои 1953-1954 мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рўзномаи «Пионери Тоҷикистон»; солҳои 1953-1956, аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ; солҳои 1957-1964 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ; солҳои 1964-1971 ходими калони илмии шуъбаи адабиёти советии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ будааст.
Аз соли 1968 то ба имрӯз узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1971 мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ буд ва ҳамон сол узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардид.
Хуршеда Отахонова соли 1994 ба унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор дониста шуд.
Соли 2003 мудири шуъбаи адабиёти Институти забон ва адабиёт, соли 2005 муовини академик-котиби шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардид.
Барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М. С. Осимӣ (соли 2012) мебошад.
Нахустин китоби тадқиқотии ў «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан силсилаи китобҳои илмии Хуршеда Отахонова бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў» (соли 1962), «Падидаҳои навҷўӣ» (соли 1972), «Аз рўйи меҳр меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968), “Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.
Ин осор Хуршеда Отахоноваро чун матншиноси чирадасти адабиёти муосири тоҷик муаррифӣ намуданд. Ҳамаи ин китобҳоро шумо метаовнед аз бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо ва мутолиа намоед.