“Равшандилон”: Ҳикояҳо, шоҳбайтҳо, таронаҳо, латифаҳо...

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо таронахониву латифагӯӣ ва ҳикоёти тозаву саргузаштҳои ибратангез басо шавқовару мондагор гузашт. Ин маҳфил баъди зуҳри дирӯз бо ширкати шоири маъруф Хайрандеш, ки маъмулан навиштаҳои навқаламони маҳфилро нақду баррасӣ мекунад, доир шуд.

Хушбахти Одина дар бахши “Афроза” нақли хеле шавқоваре кард. Ширкаткунандагон дар бахши “Афшона” чандин зарбулмасалро таҳлил карданд. Ин зарбулмасалҳои халқиро бо хоҳиши иштирокдорон аъзои маҳфил гирд овардаву қироат карданд.

Баҳудур Саидов ва Ҷомӣ Сафаров ҳикоёти ҷолиб қироат карданд ва аъзои маҳфил атрофи он назар доданд. Ҳусейни Бахтиёрзода ҳикояи тарбиявии ҷолиберо хонд, ки ба ҳамагон таъсир гузошт.

Бахши “Афроза” анъанаи шоҳбайтхониро идома дод. Ҳасан, Марҷона, Раҳматулло, Ҳусейн, Баҳодур, Ҷомӣ дар ин бахш хеле фаъол буданд. Садри маҳфил ҷо-ҷое ин байтҳоро таҳлил мекард ва мегуфт, ки оё метавон онҳоро шоҳбайт номид ва ё на.

Дар бахши “Афшина” латифаҳо гуфта шуданд, иддае аз ширкаткунандагон аз ҳаёти худ нақлҳои шавқовар карданд.

Равзанаи “Андеша” вижаи чистону муаммост. Чунончӣ, Марҷона як муаммоеро бахшида ба падару модар нақл кард, ки хеле аҷибу таъсиргузор буд. Барои пайдо кардани посухи он қариб ҳамаи ширкаткунандагони маҳфил ҷалб шуданд.

Дар бахши суруду тарона Нигораву Гулноза дар мавзуъи Ваҳдати миллӣ таронаеро замзама карданд.

Бахши байтбарак дар равзанаи “Ангеза” низ шавқовар гузашт ва шояд тӯлонитарин бахши маҳфил буд. Дар ин бахш ҳар кас талош мекард ширкат кунад.

Маҳфили навбатии “Равшандилон” басо хотирмону шавқовар гузашт.

Азиза Назарова