Баъд аз зуҳри 28-уми сентябри соли равон дар толори хониши шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки нависанда, драмматург ва сенариянависи тоҷик Бароталӣ Абдураҳмонов доир гардид.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар суханони муқаддамотии худ аз Бароталӣ Абдураҳмонов ба унвони як адиби селмаҳсул ва пурхонанда ёд кард. Вай гуфт: “Бароталӣ Абдураҳмонов кайҳост бо ҳикояву қиссаву румонҳояш миёни хонандагонаш машҳур шудааст. Адиби пуркор ва сермаҳсул аст, ва ба хонандагон забону услуби нигориши ӯ писанд уфтодааст”.
Бароталӣ Абдураҳмонов зимни суханрониаш бо изҳори ташаккур аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, ки ин гуна маҳфилҳои хубро созмон медиҳанд ва ба адибон имкон медиҳанд бо ҳаводорони ашъорашон мулоқот кунанд.
Бароталӣ Абдураҳмонов 15 сентябри соли 1947 дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ нависанда, драмматург ва сенариянависи тоҷик хатмкардаи омузишгоҳи педагогии шаҳри Кулоб, соли 1966 ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1971 мебошад.
Ассистенти кафедраи нутқи саҳнавӣ, маҳорати актерии институти давлатии санъати Тоҷикистон (солҳои 1971- 1972), сармуҳаррири барномаҳои адабӣ ва драмаи ТВТ (солҳои 1972- 1974), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи санъати ЭСТ (солҳои 1974-19 88) , ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” (солҳои 1988-19 95), мушовири калон, мудири маркази таҳлил ва ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1996- 2011), мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ (аз соли 2012).
Муаллифи ҳикояву қисса ва романҳои дар мавзуҳои мухталиф мебошад. Аз ҷумла, романҳои “Куруши Кабир” (2006), “Камбуҷия ва Дорои Бузург” (2013), “Нимароҳи аъроф”, кинороманҳои “Искандари Макдунӣ” ва “Спетамен” (2005), “Рухшона” (2006), китобҳои “Шабҳои маҳтобӣ” (1986),” Давлати сарам, модар” (1989), “Розҳои шабҳангом” (1990), “Дунёи сабзи ишқ” (2002), “Биҳишти фиребо”.
Ҳамчунин, сенариянавишти се филми ҳунарӣ “Тифли домони туям, модар” (1999), “Мӯъҷизаҳои ҳаштуми олам” (2001), “Васвасаҳои хунафшон” (2003 - 2006) аст.
Инчунин, тарҷумони асарҳои адибони халқҳои бародар ба забони тоҷикӣ аз ҷумла: чандин ҳикояҳои Антон Чехов (1989), романи “Бақои абадият”- и Нодар Думбадзе 1986, қиссаи “Турнаҳои бармаҳал”- и Чингиз Айтматов (1988), повести “Асрори шаҳраки махфӣ”- и Александр Беляев (1990) мебошад. Чанде аз асарҳояш ба забонҳои украинӣ, русӣ, булғорӣ ва узбекӣ тарчума шудаанд.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2004) аст.
Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010) аст.
Бо ордени Шараф (дараҷаи 2) медали Хизмати шоиста(соли 2000), нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст.
Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аз соли 1989 мебошад.
Дар маҳфил суҳбати дилнишин ва муколамаи басо шавқовар миёни адиби маъруф ва ширкаткунандагон ҷараён гирифт.
Фарзонаи МИРЗО