Маҷаллаи китобшиносон ва муҳаққиқони ИДМ

Маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеяи Евразии) яке аз маҷаллаҳои маъруфи соҳаи китобдорӣ дар байни кишварҳои ИДМ буда,  муассис ва ношири он Китобхонаи давлатии Русия мебошад.
Маҷалла соли 1993 таъсис ёфта, аввал бо номи «Бюллетени иттилоотии  Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Информационный бюллетень Библиотечной Ассамблей Евразии) нашр мешуд. Соли 2000 ҳамчун маҷаллаи илмӣ-амалӣ бо номи «Паёмномаи АКА» (Вестник БАЕ) чоп шуд.
Аз соли 2002 инҷониб бо номи  «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии) дар як сол чор шумора интишор мегардад.
Аслан маҷалла зери равзанаҳои «Ҳамкориҳо ва робитаҳо», «Рушди навгониҳои китобхонаҳо», «Китобхона/махзанҳо/хонандаҳо», «Номҳо ва санаҳо», «Китобиёт» ва ғайраҳо мавод интишор менамояд, ки асосан ба масъалаҳои рушди соҳаи китобдорӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо бахшида шудааст.
Равзанаи аввал ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил бахшида шуда, дар он асосан дастовардҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи китобдорӣ ва мусоҳибаи директори Китобхонаи миллии Белорусия оиди дурнамои ҳамкориҳои китобхонаҳои миллии ИДМ иникос ёфтааст.
Дар равзанаи дуюм барои кормандони китобхонаҳо масъалаи навгониҳо дар ташкили хизматрасонии маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва натиҷаи Озмуни 2-юми навгониҳои китобдорӣ пешниҳод карда шудааст. Бахшида ба 250-солагии нависанда, ношир ва муаррихи рус Н.М.Карамзин дар равзанаи номҳо маводи ҷолиб пешкаши хонандагон гардидааст.
Маводи хеле хонданӣ оиди фаъолияти Китобхонаҳои миллии ИДМ дар таҳияи дастурҳои библиографии солҳои 2010-2014 дар равзанаи таҳқиқотҳои амалӣ оварда шудааст, ки нисбати Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ маълумотҳо дода шудааст.
Мундариҷаи маҷалла бо забонҳои русӣ ва инглисӣ пешкаш гардида, мақолаҳои муҳаққиқони соҳаи китобдориро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин дигар масоили вобаста ба соҳаи китобдориро иникос менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати Шўрои таҳририяи байналмилалии маҷалла дар қатори сарварони китобхонаҳои ИДМ ва муҳаққиқони ин соҳа директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва дар ҳайати таҳририяи маҷалла бошад муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов низ шомил мебошанд.
Қобили қайд аст, ки 12-13-уми апрели соли 2015 Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё дар Китобхонаи давлатии Русия анҷуманеро зери унвони «Китобхонаҳои миллӣ ва фазои ягонаи иттилоотии ИДМ» (Национальные библиотеки и единое информационное пространство СНГ) баргузор намуд, ки дар ин форум аз ҷумла директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ҳам иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар шумораи №2-юми соли 2016-уми маҷаллаи «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» (Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии) фишурдаи суханронии ширкаткунандагони форум интишор гардидааст. Хусусан, маҷалла доир ба тарбияи кадрҳо аз суханронии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Назарзода С. чунин иқтибос овардааст: «Дар шароити имрўза азнавтайёрнамоии мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ ҳамчун шакли мутассилаи омўзиш самти афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».
Аз мазмун ва муҳтавои маҷалла пайдост, ки барои ибрози афкор, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва  огаҳӣ аз навгониҳои соҳаи китобдории кишварҳои ИДМ минбари арзандаест.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ
Сайзароб Надиров