Дар Осорхонаи забони тоҷикии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ» ба ифтихори Рўзи забон баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ дар мавриди ҷойгоҳи забони модарӣ ва талошҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат барои татбиқи Қонуни забон ва покии забони модарӣ ҳарф зад.
Профессор Назарзода ҳамчунин зикр кард, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар остонаи Истиқлолияти давлатӣ кори саҳлу осоне набуд. Аммо рушди забону татбиқи амалии Қонуни забон маҳсули талошҳои солҳои Истиқлолият аст.
Баъдан риштаи сухан ба забоншинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Ҳомид Маҷидов дода шуд. Мавсуф низ дар бораи зарурати эҳтироми забони модарӣ ҳарф зад ва таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба саҳву хатоҳои имлоиву услубии забон дар матбуот ва радиову телевизион ҷалб намуд.
Дар ин нишаст Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ширкат ва суханронӣ намуд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Матробов бошад дар мавзўи «Сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ» баромад намуд.
Дар охир миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.