Олимони худро бишносем: Додихудо Саймиддинов
Ӯ шояд ба муаррифии зиёд ниёз надошта бошад. Чун шахсиятест, ки берун аз доираҳои илмӣ низ ошност. Яке аз сермаҳсултарин олмони забоншинос аст ва дар ҳама пажуҳишҳояш муваффақ будааст.
Додихудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омадааст, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи имллии Тоҷикистон)-ро хатм кардаву ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадааст. Муддати ду сол (1974-1976) коромӯзи бахши ленинградии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳудудан чор сол (солҳои 1976-1979) аспиранти ҳамин институт будааст.
Баъди хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома додааст.
Аз соли 1995 то 2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тӯли солҳои 2000–2005 Директори ҳамин Институти буд.
Чор соли дигар (2005-2009) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва тӯли ин муддат Кумита оид ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони парламони кишварро ба уҳда дошт.
Соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва моҳи декабри 2013 синнаш ба нафақа расид ва аз ин вазифа канор рафт.
Маҳз замони сарварии ӯ дар Кумита Қонун дар бораи забони давлатӣ дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Ин қонун мансабдорони тоҷикро ба ҳатмӣ донистани забони давлатӣ вазифадор кард. Фурсате баъд боз ҳам дар замони сарварии ӯ имлои нави забон қабул шуд.
Соли 1982 дар мавзуъи «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва соли 1999 дар мавзуъи «Вожашиносии забони форсии миёна» рисолаи докторӣ дифоъ кард.
Додихудо Саймиддинов дар масоили мухталифи забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин, забони тоҷикӣ пажуҳишҳои арзишманд анҷом додааст. Аз ҷумла, «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013).
Барои пажуҳишҳояш «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» сазовори Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ– форсӣ шудааст.
Мақолаҳояш бо забонҳои русиву инглисӣ, фаронсавӣ тарҷума ва дар маъруфтарин нашрияҳои Маскав, Санкт-Петербург, Порис, Шветсия ва дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон Афғонистону Эрон чоп шудаанд.
Як асари пажуҳишии ӯ бо номи «Вожашиносии забони форсии миёна» беҳтарин асари таҳқиқотӣ дар эроншиносии хориҷӣ эълон гардид ва дар Ҷумҳурии исломии Эрон китоби сол унвон гирифт.
Ҳамзамон бо ин Додихудо Саймиддинов яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ба шумор меравад, ки нашри дуввум ва мукаммали он соли 2006 нашр шуда буд.
Додихудо Саймиддинов чун олими донишманд эътироф шудааст ва ҳоло бештар аз 20 нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои докторӣ ҳимоя кардаанд.
Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Додхудо Саймиддинов
КОРБУРДИ ВОЖАҲОИ ПОРТӢ ДАР ЗАБОНИ ФОРСИИ МИЁНА
Вожаҳои портӣ дар осори форсии миёна дар ду навъи алифбо, яъне расмулхати паҳлавӣ ва монавӣ (алифбои суриёнӣ) нигошта шудаанд. Ҳамчунон ки аз навишти ин вожаҳо дар осори форсии миёна бармеояд, миёни бештар вожаҳои портӣ ва гунаи форсии миёнаи онҳо тафовутҳои вижаи овоӣ ҷой дорад. Ин вижагиҳои овоӣ тафовутҳои махсуси забонҳо ва ё лаҳҷаҳои ба ҳам наздики шимолӣ-ғарбӣ (мидиву портӣ) ва ҷанубӣ-ғарбӣ (порсӣ) ба шумор мераванд. Аз ин рў дар осори форсии миёна вожаҳои портӣ дар асоси вижагиҳои забонии лаҳҷаҳои шимолӣ-ғарбӣ (мидӣ ё портӣ) ташхис мегарданд. Вижагиҳои портӣ ва форсии миёнаро ба таври дақиқ аз осори портӣ ва форсии миёнаи монавӣ метавон ташхис кард, ки чанде аз махсусиятҳои он бо далоили ҳамин осор бо кўшиши К.Залеман [Salemann 1908, 149-150] баррасӣ шудааст. Ин мавзўъ бар пояи осори портии монавӣ ва форсии миёнаи монавӣ бори нахуст аз ҷониби П.Тедеско [Tedesсo 1921, 184-258] мавриди омўзиш қарор гирифта, баъдан дар чандин пажўҳишҳои дигар аз нигоҳи тафовутҳои лаҳҷавии забонҳо ва гўишҳои шимолӣ-ғарбӣ ва ҷанубӣ-ғарбии эронӣ арзёбӣ гардидааст. Аз ҷумла: Nyberg 1974; Оранский 1979; Расторгуева 1990; дар мавриди вижагиҳои овоии забони портӣ аз нигоҳи таърихӣ: Лившиц 1962, 144-146; корбурди вожаҳои мидӣ дар осори форсии бостон: Meillet 1931; Kent 1950; Brandenstein, Mayrhofer 1964; вожаҳои форсии бостон ва мидии аз осори ғайри эронӣ гирдоварӣ шуда: Hinz 1975; вожаҳои бозсозишудаи мидӣ: Herzfeld 1935, 9-69; Mayrhofer 1968. Яке аз манобеи дигар дар ташхиси вижагиҳои овоии вожаҳои портӣ шаклҳои иқтибосии ин вожаҳо дар забони арманӣ маҳсуб мегардад. Дар иқтибосҳои портӣ дар забони арманӣ махсусиятҳои овоии замони ашконӣ маҳфуз мондааст. Корбурди вожаҳои портӣ дар забони форсии миёна махсуси як давра набуда, балки ба чандин давраҳо иртибот доранд. Гумон меравад, ки ин вожаҳо ба забони форсии миёна ҳам аз роҳи гуфторӣ ва ҳам суннати хаттии ашконӣ ворид гардидаанд. Манбаи гуфтории бештар вожаҳои портиро метавон дар мисоли идомаи онҳо дар осори форсии давраи аввал ва ё порсии дарӣ, ба вижа "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ пайдо кард. [Дар ин бора ниг: Lentz 1926, 251-316].
Вожаҳои портӣ дар забони форсии миёна бар асоси вижагиҳои овоии лаҳҷаҳои ҷанубӣ-ғарбӣ ва шимолӣ-ғарбӣ ва таҳаввулоти таърихии овоии онҳо ташхис мешаванд. Бархе аз вожаҳои портии мавриди истифода дар осори форсии миёна аз роҳи муқоисаи таърихии луғати забонҳои портӣ ва форсии миёна баррасӣ ва мушаххас мегардад.
Вожаҳои портӣ, ки бо шаклҳои форсии миёна ҳамрешаанд, бо доштани вижагиҳои ҷудогонаи овоӣ тафовут мекунанд. Гурўҳе аз вожаҳои портӣ дар осори форсии миёна ҳамзамон бо шаклҳои форсии миёна ва чанде дигар бидуни баробариҳои форсии миёна истифода мешаванд. Вижагиҳои овоии гунаҳои портӣ ва форсии миёна, бинобар осори паҳлавии китобӣ ва монавӣ чунин аст:
1. Шимолӣ-ғарбӣ z = ҷанубӣ-ғарбӣ d: а) вожаҳое, ки гунаи форсии миёнаи онҳо аз осори паҳлавии китобӣ ва ё осори монавӣ маълум аст: zamistān = damistān "зимистон"; zamīg = damīg "замин", ф.н. zamīn (бо овози "n"-и афзудашудаи ғайриэтимологӣ); bāzug=bādug "бозу", zānug = dānug "зону"; б) шаклҳои мидие, ки дар осори форсии миёна баробариҳои ҷанубӣ-ғарбӣ ва ё порсии онҳо мутадовил нест. Ин қабил вожаҳо танҳо дар шакли мидӣ ва ё портӣ ба кор рафта, гунаи порсии онҳоро метавон аз осори форсии бостон пайдо кард: zarr "зар", ав. zaranya-, ф.б. daranya - [Kent 1950, 189]; diz "диз", ав. daez ф.б. didā-; zrēh/zrah "дарё", ав. zrayah-, ф.б. drayah- [Brandenstein, Mayrhofer, 1964, 117], zarig "ғам, андўҳ", ав. zar- "андўҳгин шудан", ф.н. darigh [Nyberg 1974, 269]; Zrang номи куҳани Систон, ф.б. Zranka (ҳамчунин иқтибоси мидӣ), юнонӣ Zaraggai, Draggai [Bradenstein, Mayrhofer 1964, 157]; muzrāyīg "мисрӣ", ф.б. Мudrāya-[Kent 1950, 203]; Zand - Занд, тарҷума ва шарҳи Авесто ба паҳлавӣ, ав. zanti- [Bartholomae 1904, 1669], ф.м. dānistan. Муқоиса шавад: дар форсии нав: dānā ва farzāna дар як маъно.
2.Шимолӣ-ғарбӣ s = ҷанубӣ-ғарбӣ h:xrōs=xrōh "хурўс"; kas=keh "кеҳ", mas=meh "меҳ"; afrās=afrāh "таълимот"; āsēn=āhun "оҳан"; rasīg=rahīg "раҳӣ, ғулом"; padifrās=padifrāh "ҷазо"; winās=wināh "гуноҳ". Дар осори паҳлавии китобӣ навишти ашконӣ ва ё портии ин вожаҳо ба кор рафта, гунаи форсии миёнаи сосонии онҳо аз имлои форсии миёнаи монавӣ маълум аст.
3. Шимолӣ-ғарбӣ hr>r=ҷанубӣ-ғарбӣ s:puhr=pus "писар"; pāhr=pās "пос, посдорӣ", ф.н. pahr, pahrah, дарии Афғонистон payra; šahr "подшоҳӣ, кишвар; шаҳр". Дар забони форсии миёна танҳо ҳамин шакл мутадовил аст. Гунаи баъдии он дар форсии Хуросон (дарии Афғонистон) бо табдили hr>r дар шакли šār маҳфуз мондааст.
4. Шимолӣ-ғарбӣ sp=ҷанубӣ-ғарбӣ s: asp "асп". Ин вожа яке аз иқтибосҳои куҳани мидӣ буда, гунаи ҷанубӣ-ғарбӣ ва ё форсии он аз тариқи забони форсии бостон дар форсии миёна дар вожаи aswār (ф.б. asa-bara-) пойдор мондааст. Идомаи он дар форсии нав suwar ва ё баъдан sawār аст.
5. Шимолӣ-ғарбӣ j,z = ҷанубӣ-ғарбӣ z: bāž=bāž "боҷ", ф.н. bāj. Дар мавриди ин тафовути лаҳҷавӣ миёни портӣ ва форсии миёна муқ.ш.: портӣ jamān, janišn, frajaftan, ф.м. zamān "замон", zanišn "заниш, зарба", frazaftan "анҷомидан, фарҷом пазируфтан, анҷом ёфтан".
6. Шимолӣ-ғарбӣ b ҷанубӣ-ғарбӣ d: bayaspšn "фиристода, қосид". Гунаи форсии миёнаи ин вожа на дар осори паҳлавии китобӣ ва на монавӣ ба мушоҳида намерасад. Шакли портӣ идомаи эронии бостон *dvaya-aspana ба маънои "дорандаи ду асп" мебошад. Шакли форсии миёнаи ин вожаро метавон аз забони арманӣ муайян кард: арманӣ (аз форсии миёна) despān, арабӣ (аз форсӣ) dusfān [Nyberg 1974, 46]. Бинобар шакли арманӣ гунаи форсии миёнаи ин вожаро метавон ба шакли despn бозсозӣ кард.
7.Шимолӣ-ғарбӣ rz = ҷанубӣ-ғарбӣ l(r):burz=buland "баланд"; форсии миёна gristan, ф.н. giristan "гиристан"" (эр.б. girz <*grz-, ав. garэz-[Bartholomae 1904, 516; Nyberg 1974,83];hamharz- "ҳамроҳ"(<*hama-harza-), гунаи форсии миёнаи ин вожа дар осори паҳлавӣ hamahl/ hamāl <hama-harda-), ф.н. hamāl [Nyberg 1974, 91].
8. Шимолӣ-ғарбӣ g=ҷанубӣ-ғарбӣ w:mōg=mōw дар форсии миёнаи монавӣ "муғ". Дар осори паҳлавии китобӣ шакли дигари он magu, дар катибаҳои сосонӣ mgw<ф.б. magu-; bag=ф.м.м. baw "боғ", ав. baga- "бахш", "ҳисса"; drōg=drōw "дурўғ", ав. draoga-, ф.б. drauga - [Bartholomae 1904, 768; Nyberg 1974, 60].
9. Шимолӣ-ғарбӣ č= ҷанубӣ-ғарбӣ s: keč- =kas "кас". Ин вожа дар матни манзумаи "Дарахти асуриг" (банди 31) ёд шуда ва В.Б.Ҳеннинг онро вожаи портӣ медонад [Henning 1950, 641].
10.Шимолӣ-ғарбӣ č= ҷанубӣ-ғарбӣ t: čiš=tis "чиз"; čahārom=tasom "чаҳорум"; tasom<časom, сур. (аз эронӣ) tassuga, арабӣ (аз эронӣ) tassuj [Nyberg 1974, 192]. Ин вижагии овоӣ дар мисоли "тиз" ва "чиз" дар чанде аз лаҳҷаҳои шимолии забони тоҷикӣ низ мушоҳида мешавад. Ба таври мисол, "тизе-чизе".
11. Шимолӣ-ғарбӣ nd= ҷанубӣ-ғарбӣ nn: handām=hannām "андом"; bandag=bannag (ф.м.м.) "банда, ғулом", < ф.б. bandaka-, band=bann/band "банд", ф.б. band-.
12. Шимолӣ-ғарбӣ š = ҷанубӣ-ғарбӣ č: šihr= čihr «чеҳра», šitē=čitāg «рўи ҳам чидани чизе».
13.Шимолӣ-ғарбӣ nj= ҷанубӣ-ғарбӣ nz: hanjaman=hanzaman "анҷуман"; hanjām=hanzām "анҷом"; hanjaftan=hanzaftan "анҷом ёфтан";ganj=ganz "ганҷ", оромӣ (аз эронӣ) gnz', gnzk [Mayrhofer 1968, 13]; ranjwar=ranzwar (ф.м.м.) "ранҷвар, ранҷур"; banjag "банг", ав.bangha- муродифи форсии миёна: mang; aspinj "хона ва кошона, манзил", идомаи шакли портӣ дар форсии нав sipanj.
14. Шимолӣ-ғарбӣ št= ҷанубӣ-ғарбӣ st:dištan=dešidan "сохтан", аз ҳамин вожа дар паҳлавӣ dēsag "шакл"; frištag=frēstag "фиристода" аз феъли fristādan, шакли портӣ дар форсии нав firišta "фаришта", ав.fraēšta-; angušt=angušt "ангушт"; kuštig = kustīg "куштӣ, камарбанди зардуштӣ". Миёни зардуштиён шакли портии ин вожа (kušti) мутадовил мебошад.
Дар осори паҳлавӣ имлои ашконӣ ва ё портии бархе аз вожаҳо аз роҳи навишти d дар баробари y ба кор рафтааст. Шакли форсии миёнаи сосонии ин гурўҳи вожаҳо аз осори форсии миёнаи монавӣ маълум аст: mōd=mōy "мўй"; bōd=bōy "бўй"; pād=pāy "пой"; padkār= paykār "пайкор"; padwand =paywand "пайванд".
Чанде аз вожаҳои портӣ дар осори форсии миёна дар навишти таърихии расмулхати паҳлавӣ барҷой мондаанд. Шаклҳои портии чунин вожаҳо аз тафовути навишти j ва y дар оғози вожаҳо мушаххас мешавад. Имлои форсии миёнаи сосониро метавон дар осори монавӣ пайдо кард. Ба таври мисол, паҳлавии китобӣ yāwēdān (шакли портӣ), портии монавӣ y'wyd'n, форсии миёнаи монавӣ j'wyd'n, ф.н. jāwidān.
Гурўҳи дигари вожаҳои иқтибосии портӣ ҳамчун шаклҳои ҷудогона дар баробари муодилҳои форсии миёна ба кор рафтаанд. Ин вожаҳои портӣ шомили гурўҳҳои луғати исмҳову сифатҳо, замирҳо ва афъол мебошанд. Ба таври мисол, портӣ šiftag "ширинӣ". Ин вожа дар форсии миёна аз шакли портии šift "шир" сохта шудааст. Дар ҳамин қолаб дар форсии нав, šīrīn<šīr [Henning 1937, 88], ҳамчунин дар форсии миёна šiftālug "шафтолу", баргардони вожа ба вожаи он "олуи ширин"; портӣ wēm "шух, сахра". Гумон меравад, ки ин маъно дар форсии миёна дар мавридҳои ҷудогона бо вожаи sang "санг" (saggēn "сангин") низ баён шудааст; портӣ wāš "коҳ", баробариҳои форсии миёнаи он kāh, giyāhizag; портӣ sruw "шох", ав. srva-(sruva-), , ф.н. suru- [Nyberg 1974,179]; портӣ teg = ф.м.м. tex "теғ"; портӣ amrāw=xurmāg "хурмо" (<harmāw =armāw [Hubschmann 1895, 111; Периханян1973, 440]. Ин вожаи портӣ дар матни "Дарахти асуриг" истифода шудааст [Henning 1950, 645, поварақи 1]; дар форсии миёнаи монавӣ bizišk "пизишк", идомаи шакли портӣ дар форсии нав шакли баъдӣ pizišk.
Портӣ andāg= форсии миёна andōh "андўҳ"; чанд муродифи дигари он дар форсии миёна bēš, pīm, zarīg. Ин вожаи портӣ дар форсии миёна бо пасванди еn низ ба кор рафтааст. Аз баробариҳои форсии миёна bēš pīm zarig бо пасванди -omand ба кор рафтаанд. Портӣ wisēd, ф.м. wisē, форсии нав gusē. Дар паҳлавӣ ҳама ҷо шакли портӣ истифода шудааст. Портӣ āmēg= форсии миёна gumēg "омезиш" <gumēxtan "омехтан". Ин вожаи портӣ дар осори паҳлавӣ ба ҳайси ҷузъи дуввуми вожаи xāk-āmēg омадааст. Портӣ ran муродифоти форсии миёна jang, nibard, pahikafišn "ҷанг, набард", ав. rana-, форсии миёна hamrānīh [Bartholomae 1904,1523]; портӣ pādrazm "разм", баробариҳои форсии миёнаи он razm, pahikār, nibard, hamrānīh, jang, ardīg; портӣ ōmēd= форсии миёна ēmēd "умед", идомаи портӣ дар форсии нав umēd; портӣ padwās= форсии миёна paywāz "посух"; портӣ wāz= форсии миёна gōw (guftan); портӣ nisāg "рўшноӣ" баробарии форсии миёна rōšn, šēd. Ин вожаи портӣ дар форсии миёна ба маънои "шукўҳ" низ ба кор рафтааст.
Дар забони форсии миёна чанде аз сифатҳои портӣ низ истифода шудааст. Ба таври намуна: портӣ naxšag "неку", дар форсии миёна nēk(ōg), nēw, wēh, хub; портӣ zawar "зўр, неруманд", муродифи форсии миёна zur, ав. zavar-; портӣ stōb= форсии миёна stōh "сутўҳ". Дар осори паҳлавӣ бештар шакли портӣ роиҷ аст. Портӣ pasēmān "пушаймон" дар осори форсии миёна бидуни муродифи ҷанубӣ-ғарбӣ ё форсӣ истифода шудааст. Бинобар вижагиҳои лаҳҷаи шимолӣ-ғарбӣ гунаи ҷанубӣ-ғарбии ин вожаро дар форсии миёна метавон чунин бозсозӣ кард: pašē+mān (< māna- "андоза карда"), яъне пас аз андоза" [Nyberg 1974, 153]; mān дар paymān<padmān<pati ва решаи māy "андоза кардан".
Чанде аз замирҳо, қуюд ва пешвандҳову пасвандҳои портӣ: портӣ az "ман". Шакли портӣ ба замири авестоии azэm иртибот дорад. Гунаи портӣ дар забонҳои муосири гурўҳи шимолӣ-ғарбӣ низ идома кардааст: курдӣ ва ормурӣ az; портӣ hō= форсии миёна awe, ōy "вай, ў"; портӣ yad= форсии миёна tā. Ин вожа дар тарҷумаи паҳлавии ду матни портии "Ёдгори Зарирон" (банди 93) ва "Дарахти асуриг" (банди 20) якҷо бо таркибҳои портӣ омадааст: yad ō rōzī fraškerd "то ба рўзи фрашкард", яъне "даврони ҷаҳон пас аз нобудӣ"; yad ō rōzī yawed "то ба рўзи ҷовид" [Henning 1950, 651, поварақи 5];портӣ wasnād муодили пасванди форсии миёнаи rāy. Ин вожаи портӣ дар матни "Дарахти асуриг" чандин бор ба кор рафтааст: mardōhmān wasnād, āzādan wasnād, wāzārgānān wasnād, dārugdān wasnād (мардумонро = барои мардумон, озодагонро = барои озодагон, бозоргононро = барои бозаргонон, дорудонро = барои дорудон); wasnād, ав. vasna-, (ф.б. vašna- "хост, хоҳиш" [Tedesco 1921, 239. Теъдоди феълҳои портӣ дар осори форсии миёна чандон зиёд нест. Бештари ин феълҳо дар тарҷумаи паҳлавии матнҳои "Ёдгори Зарирон" ва "Дарахти асуриг" ба мушоҳида мерасанд. Гумон меравад, ки яке аз иллати корбурди феълҳои портӣ дар ин ду достон, ба вижа манзумаи "Дарахти асуриг" ба хотири ҳифзи мавзунӣ ва ҳамоҳангии пораҳо будааст. Қаробати лаҳҷавӣ миёни забонҳои портӣ ва форсии миёна тарҷумони ин матнҳоро водор сохта, ки гунаи портиро ҳамчун вожаҳои мафҳум дар матни форсии миёна ворид созанд. Барои далел метавон намунаеро аз пораҳои ҷудогонаи ин ду тарҷумаи портӣ дар сабки нигориши феълҳо намуна овард. Феъли karēnd "кунанд" дар матни "Дарахти асуриг" (пораҳои 10-12, 14-16):
10. gyāgrōb až man karēnd kē wirāzēnd mēhan ud mān
11. yawāz až man karend kē kubēnd yaw ud brēnj
12. daminag až man karēnd adurān wasnād
13. rasan až man karēnd kē tō pāy bandēnd
10. Ҷорўб аз ман кунанд, ки рўбанд миҳану мон
11. Ҷувоз аз ман кунанд, ки кўбанд ҷаву биринҷ
12. Дамина аз ман кунанд барои озарон
13. Расан аз ман кунанд, ки пои туро банданд.
Феъли портии karend=kunēnd- асоси замони ҳозираи шакли портӣ kar, ав. kar-, форсии миёна kun- [Bartholomae1904, 444].
Феъли amušt (хониш ва овонавишти дигари он: amwašt "вайрон кардан, нобуд кардан, баркандан". В.Б.Ҳеннинг дар осори форсии миёнаи монавӣ ин феълро āmušt хонда, бунёди онро аз mušt<*mŗšta- аз решаи mŗz (форсии нав muštumāl) медонад [Henning 1933, 218]. Ҳ.С.Нюберг шакли паҳлавии ин феълро āmušt хонда, пайдоиши онро аз * a-murst<*a-mŗsta, ав. marэd- "вайрон кардан" маънӣ мекунад [Nyberg 1974, 16]. Д.Н.Маккензи навишти паҳлавиро amwašt хонда ва ин чанд феъли форсии миёнаро ҳаммаънои он донистааст: čidan, gird kardan, ō ham kardan [MacKenzie 1971, 116]. Навишти паҳлавии ин феълро (hmwšt) метавон ҳам āmušt ва ҳам amwašt хонд. Аммо шакли портии монавӣ 'mšt (amušt) далели он аст, ки ин навишти паҳлавӣ ба гунаи amust хонда мешавад. Истифодаи ин феъл дар "Ёдгори Зарирон" (бандҳои 84-85) чунин аст:
alāy dārū ī jān-afzud-at kē āmušt? Алой, дарахти ҷонафзудат кӣ барканд?
alāy wirāz-padrān ī tō kē āmušt? Алой, гурози сарсахтат кӣ барканд?
alāy sēn-murwag ī bārag-at kē āmušt? Алой, симурғи бораат кӣ барканд?
Дар матни "Дарахти асуриг" (банди 49) бар ивази феъли форсии миёнаи āyēd аз феъли портии āsēd истифода шудааст: Har kē dah drahm nē darēd, fraz buz nē asēd - "Ҳар ки даҳ дирҳам надорад, фароз ба (наздикӣ) буз наояд". Асоси шакли портӣ дар номи Xwarāsān "Хуросон" низ маҳфуз мондааст: xwar+ās+ān (-ān пасванд) ва ās ба маънои "омадан, берун шудан, баромадан". Аз ин ҷо Xwarāsān "офтоббаро" ё "самти тулўи хуршед", яъне машриқ: мисли Xwarbarān - мағриб (bar- < par- - "гузаштан, рафтан"). Шакли портии ин феъл дар ташреҳи номи Хуросон дар "Вису Ромини"-и Фахриддини Гургонӣ низ истифода шудааст: Xurāsān ān buvad k-az vay xur āsad - "Хуросон он бувад, к-аз вай хур ояд".
Портӣ māzēnd<maŗz= форсии миёна mālidan "молидан". В.Б.Ҳеннинг шакли māz-ро як гунаи лаҳҷавӣ аз marz тахмин карда, онро ихтисори r қабл аз z медонад. Ба таври мисол форсии нав mazu<marzu "сутунмўҳра" < ав. mэrэzu- "сутунмўҳра" [Henning 1950, 350, поварақи 2]. Дар "Дарахти асуриг" (банди 15): Čōb az man karend kē tō griw māzēnd - "Чўб аз ман кунанд, ки туро гардан моланд".
Феъли дигари портӣ дар осори паҳлавӣ hirzēnd= форсии миёна hilēnd "ҳиланд, гузоранд, раҳо кунанд", асоси замони ҳозираи портӣ hirz-, форсии миёна hil-; ав. harez-, портӣ girzidan=форсии миёна giristan "гила кардан, гиристан"; асоси замони ҳозираи феъли портӣ girz- ва форсии миёна gil- [Henning 1933, 204; Nyberg 1974, 85]; портӣ wazēnd = форсии миёна gōwēnd "гўянд"; шакли портӣ аз масдари wāxtan ва форсии миёна аз масдари guftan; портӣ awištādan = форсии миёна ēstādan "истодан" (-št- = -st-); ав. ava-sta- [Henning 1933, 194]; портӣ wāwarīdan = форсии миёнаи монавӣ w'brydn "боваридан, бовар кардан". Шакли портӣ дар осори форсии миёнаи монавӣ якҷо бо гунаи форсии миёнаи ин феъл истифода шудааст.
Манобеи илмӣ
Лившиц В.А. Иранские языки народов Средней Азии.- Народы Средней Азии и Казахстана.-Т.1. – М., 1962.
Оранский И.М. Иранские языки в историческом освещении. – М., 1979.
Периханян А.Г. Сасанидский судебник. Книга тысячи судебных решений. -
Ереван, 1973.
Расторгуева В.С. Сравнительно–историческая грамматика западно-иран ских языков. Фонология.- М., 1990.
Bartholomae Chr. Altiranisches Worterbuch.-Strassburg,1904.
Brandenstein W., Mayrhofer M. Handbuch des Altpersischen. -Wiesbaden, 1964.
Henning W.B. Das Verbum des Mittelpersischen der Turfan-Fragmante//ZII.-1933.-Bd 9. -H.2. -S. 158-253.
Henning W.B. A list of Middke Persian and Parthian Word//BSOS. - 1937.- Vol. 9. Pt. 1.-P. 79-92.
Henning W.B. A Pahlavi Poem //BSOAS.-1950. Vol. 13..pt 3. -P.641-648.
Herzfeld E. Medish und Pertisch// AMI.VII.-Berlin, 1935.-S.9-69.
Hinz W. Altiranisches Sprachgut der Nebenuberlieferungen. Witsbaden, 1975..
Hubschmann H. Armenische Grammatik. I.-Leipzig, 1895.
Kent R.G. Old Persian Grammar, texts, lexicon.-New Hawen, 1950.
Lentz W. Die nordiranischen Elemente in ser neupersische Literaturasprache bei Firdosi //ZII.-1926. Bd 4.- -H.2.-S. 251-316.
MacKenzie D.N. A concise Pahlavi Dictionary.-London, 1971.
Mayrhofer M. Die Rekonstryktion des Medischen //Anzeiger der phil.-hist. Klasse der Osterreichischen Akademie der Wssenchaften. -Wien 1968..
Meillet A. Grammaire du vieux-perse. Paris, 1931.
Nyberg H.S. A Manual of Pahlavi. Part.II.-Weisbaden, 1974.
Salemann C. Manichaeishe Studien.- «Записки императорской АН», т. 8,№ 10.- СПб.,1908.
Tedesco P. Dialektologie der Westiranischen Turfantexte//MO.- 1924.- Vol.15.-S.184-258.
Ихтисорот
ав. авастоӣ
ф.м.м. - форсии миёнаи монавӣ
ф.н. - форсии нав
ф.б. - форсии бостон
эр.б. - эронии бостон
ф.м. - форсии миёна