Маҳфили рўнамоии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»

Садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар заминаи ҳамкориҳои судманди маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ маҳфили рӯнамоии китоби тозанашри Пешвои ҳумоюнмақдами миллат Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро бо иштироку суханронии олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва аҳли зиё баргузор намуд.
Маҳфили рӯнамоӣ бо сухани ифтитоҳии сарвари китобхонаи мазкур, дотсент Баҳром Мирсаидов ҳусни оғоз ёфт. Сипас, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода табрикоти Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар бораи мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, инъикоси ҳаматарафаи масоили таърихи забон дар китоби ёдшуда сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ҳамаҷониба мулоҳизаронӣ намуда, дар доираи мавзўи «Забони тоҷикӣ – пояи миллати тоҷик» нукоти ҷолиберо баён дошт.
Дар идомаи маҳфил мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Абдуҷамол Ҳасанов таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» – пажӯҳиши судманд дар тоҷикшиносии муосир» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Дар маърӯзаҳои олимон ҷанбаҳои китоб, аз ҷумла матолиб оид ба таърихи забону адабиёт, таърих, мардумшиносӣ, ҷуғрофиё, мабонии шеваю лаҳҷаҳои марказию меҳварии забони модарии мо арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин гузориши доктори илмҳои филологӣ, сардори Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи «Дидгоҳҳои шинохти забони миллӣ дар китоби «Забонимиллат –ҳастиимиллат» ва маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Абдуллоев Ромиз «Таҳқиқи ҷуғрофиёи интишори забони тоҷикӣ дар китоби «Забони миллат–ҳастии миллат»  низ шунида шуд. Муҳтавои маърўзаҳои ин донишмандон аз он шаҳодат медод, ки дар ҳақиқат таваҷҷуҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи гузашта ва тақдири ояндаи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун аст.
Дар қисмати музокира олимони маъруфи ҷумҳурӣ, профессорон Атахон Сайфуллоев ва профессор Усмонҷон Ғаффоров андешаҳои худро доир ба аҳамияти китоби «Забони миллат –ҳастии миллат» иброз доштанд.
Дар поён маҳфил муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа низ доир ба кору пайкори мондагори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, шеъри тозаи хешро, ки бозгӯю бозтоби фаъолияти густурдаи Раҳбари муаззами кишвар мебошад, қироат кард.
Маҳфили рӯнамоӣ бори дигар собит намуд, китобдорон дар ҳамкорӣ ва бо такя ба нерӯҳои созандаи ҷомеа метавонанд дар таблиғу ташвиқи ҳаматарафаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар саҳми арзанда ва сазовори худро гузоранд. Онҳо на фақат дар Китобхонаи вилоятӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд, балки дар тамоми китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят бахшида ба муносибати Рўзи забони давлатӣ намоиши китобии кушоди китобҳои Пешвои миллатро  мавриди баҳрабардории истифодабарандагон қарор доданд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода баробари эҳдои китоби тозанашри “Забони миллат–ҳастии миллат” ба иштирокчиён, инчунин силсилаҳои китобҳои таърихиву адабӣ ва библиографиро ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ройгон тақдим намуд.