Маркази қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи китоб 8 номгӯ китобҳои зарфи чанд соли охир нашркардаи худро ба намоиш гузошт.
Нимаи аввали рӯз дар толори Осорхонаи забони тоҷикӣ бо ташаббуси маркази Қонуни забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи китоб рӯнамоии китобҳои нашркардаи Маркази мазбур доир гардид.
Гадобек Маҳмудов-муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддимотии худ дар бораи фаъолиятҳои интишоротии Китобхонаи миллӣ ҳарф зад ва гуфт имрӯз аз даҳҳо номгӯ китобҳое метаовн ҳарф зад, ки бо талоши кормандону мутахассисони Китобхона интишор меёбанд.
Доктори илмҳои филологӣ Шамсиддин Солеҳов, ки пештар сарварии ин Марказро ба уҳда дошт, зимни суханронӣ мухтасар дар бораи китобҳои нашркардаи Маркази қонуни забон нақл кард. Вай гуфт: “маҳз китоб буд, ки имруз миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ҳам номи хешро гум накардаву аз даст надодааст. Миллати мо ҳар ҷое, ки рафт, бо худ китоб бурд. Зеро маҳз китоб буд, ки моро аз гузаштаи хеш шиносонду кӣ будани моро то ба имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд”.
Зарфи чанд соли охир Маркази қонуни забон якҷо бо дигар ниҳодҳои Китобхонаи миллӣ китобҳои зеринро нашр кардааст:
1.Забони миллат, ҳастии миллат - Эмомалӣ Раҳмон Душанбе 2016
2. Пояҳои густариши забони миллӣ С. Назарзода Душанбе 2016
3. Имло ва забони адабӣ, С. Назарзода, Душанбе 2015
4. Гаҳваршиноси маънӣ, Душанбе 2016
5. Аҷоибномаи Тусӣ, Душанбе 2017
6. Зайн- ул- ахбори Гардезӣ, Душанбе 2016
7. Фарҳанги асотир, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ Д. 2016
8. Таърихи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ - Э.Е. Бартелс
Фарзонаи МИРЗО