Тоҷнома

Таърихи Ғурар ус – Сияр ё “Шоҳнома” - и Саолабӣ

Фарзандони бедори Эронзамин – ворисони фарҳангу тамаддуни бузурги Аҷами тоисломӣ ба мубориза баҳри растагории маънавии Аҷам ба по хестанд. Қадами нахустин дар ин ҷода тарҷумаи осори мактуби тоисломии эронӣ ба забони арабӣ буд. Бо дарки ин зарурати таърихӣ гурўҳе аз намояндагони илму адаби Эронзамин забони арабиро дар ғояти камол омўхтанд ва бо тарҷума кардани муҳимтарин дастовардҳои маънавии ниёгони хеш ба ин забон ба онҳо умри дубора бахшиданд. Як назари иҷмолӣ ба китоби “ал- Фиҳрист”- и Ибни Надим (ваф. с.380/990) кофист, то тасаввуре куллӣ доир ба касрати мутарҷимони эронинажод ва анвои осори тоисломии Аҷам, ки дар садаҳои VIII-IХ ба арабӣ 

Александр Поликарпович Шишов. Тоҷикон

Александр Поликарпович Шишов аслан на муаррих буд ва на этнограф, ҳамагӣ духтуре буд, аммо шавқу майли беандоза ба омӯзиши таърих барояш ин шарафро насиб гардонд, ки муаллифи ду китоби хуби таърихӣ: «Сартҳо» ва «Тоҷикон»  гардад.  Александр Поликарпович Шишов 5 декабри соли 1860 дар Тошкент ба дунё омадааст. Агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, вай бар ҳал ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузошт. А.Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Руссия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури 

Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб 

Таърихи Байҳақӣ. Китоби дигар аз силсилаи Тоҷнома

Ангезаи рушди ин таърихнигориро баъзе муҳаққиқон дастуроти Қуръон ва суннат дар амри фарогирии улум ва мероси гузашта ба манзури пандпазирӣ ва ибратомўзӣ медонанд. Бештари осори таърихии садаҳои аввали исломӣ «ахбор» номида мешуданд, вале бо ин ҳол тавонистанд дар миёни арабҳо навъе шуури таърихиро падид оваранд. Бо густариши ислом ба хориҷ аз сарзамини Арабистон дар сарзаминҳое, ки собиқаи тулонии нигориши таърихро доштанд (Эрон, Рум, Ҳинд), ин илм бистари муносибро барои тараққиву такомул пайдо кард.

 

Мероси хатии бостон. Китобе дигар аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун

 Қадру қиммати осори бостонии хаттӣ, археологӣ, кишоварзӣ, меъморӣ ва тамоми гунаҳои дигари  тамаддуни ориёӣ, ки моли пешгузаштагони номовари мо мебошанд, дар матни тамаддуни ҷаҳонӣ мусаллам ва мўътабар аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин матлаб Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маъхазҳои дасти аввали таърихиву адабиро, ки аз аҳди бостон ба забонҳои гуногун ба ёдгор мондааст, ҷамъовариву тадвин намояд ва ба ихтиёри хонандагони гиромӣ гузорад. Дар ин замина тарҷумаи китоби муқаддаси Авасто ба нашр расонида шуд. Осори арзишманде, ки муҳтавои ин ҷилд ва ҷилди ояндаро фароҳам овардаанд, маҷмуаи нисбатан мукаммали ёдгориҳои хаттии ниёгони мо

“Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Китоби XIII-умин аз сислислаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” “Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ буд, ки соли 2014 мунташир шуд.  Китоб ба хатти кирилӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Қодири Рустам дар асоси матни «Зайну-л-ахбор» ба иҳтимоми дуктур Раҳим Ризозода Малик, чопи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон, 1387 баргардон шуд.

«Зайну-л-ахбор» танҳо китобест, ки аз Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ боқӣ мондааст. Ин ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф карда ё не, маълум нест. Муҳаққиқон аз баъзе қаринаҳо ба натиҷа расидаанд, ки ин китоб дар васати асри XI мелодӣ, 

Страницы