Таърихи Ғурар ус – Сияр ё “Шоҳнома” - и Саолабӣ

Фарзандони бедори Эронзамин – ворисони фарҳангу тамаддуни бузурги Аҷами тоисломӣ ба мубориза баҳри растагории маънавии Аҷам ба по хестанд. Қадами нахустин дар ин ҷода тарҷумаи осори мактуби тоисломии эронӣ ба забони арабӣ буд. Бо дарки ин зарурати таърихӣ гурўҳе аз намояндагони илму адаби Эронзамин забони арабиро дар ғояти камол омўхтанд ва бо тарҷума кардани муҳимтарин дастовардҳои маънавии ниёгони хеш ба ин забон ба онҳо умри дубора бахшиданд. Як назари иҷмолӣ ба китоби “ал- Фиҳрист”- и Ибни Надим (ваф. с.380/990) кофист, то тасаввуре куллӣ доир ба касрати мутарҷимони эронинажод ва анвои осори тоисломии Аҷам, ки дар садаҳои VIII-IХ ба арабӣ тарҷума шуданд, ҳосил шавад.

Ба шарофати заҳмат ва талошҳои шаҳиди роҳи растагории Аҷам Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (722-759) ва намоян- дагони мактаби тарҷумонии ў, аз қабили Хонадони Навбахтиён, Мусо ва Юсуф – писарони Холид, Алӣ ибни Зиёди Тамимӣ, Ҳасан ибни Саҳл, Балозурӣ, Ҷабала ибни Солим, Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ, Мусо ибни Исои Кисравӣ ва даҳҳо нафари дигар қисмате бузург аз дороиҳои беназири фарҳангии Эронзамини тоисломӣ кисвати арабӣ ба бар карда, на танҳо аз нобудӣ раҳо ёфт, балки, бо намудорӣ аз арзиш ва азамати Аҷам, ҷузъе аз аҷзои поягузори фарҳангу тамаддуни исломӣ эътироф гардид. Дар миёни дороиҳои фарҳангу маънавияти Аҷам, ки дар даврони мавриди баҳс ба арабӣ нақл шуданд, таърихномаҳо ва ба таври умум осоре, ки таҷрибаи таърихии қавмҳои ориёӣ дар онҳо баён ёфта буданд, тасаллут доштанд. Чунин як таваҷҷуҳи вижа ба тарҷумаи кутуби таърихӣ бесабаб набуд ва ангезаву омилҳои худро дошт, ки ишора бад-онҳо љиҳати дарки мақоми илми таърих ва таърихнигорӣ дар тамаддуни бостонии халқҳои эронӣ ва идомаи ин раванд дар қарнҳои нахусти ислом муфид хоҳад буд.    

Таърихи Ғурар ус – Сияр ё “Шоҳнома” - и Саолабӣ сюмин китоб аз силсилаи Тоҷнома буд, ки соли 2014 дар таҳияи донишманди тоҷик Низомиддин Зоҳидов ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон чоп шуд.

Дарёфти китоб:  www.nlt.tj Шоҳнома”-и Саолабӣ.

 

 
Барчаспҳо: