Таърихшинос ва ховаршиноси рус М. М. Дяконов дар таҳқиқоти хеш «Мухтасари таърихи Эрони бостон» дар бораи таҳрифи истилоҳи ориёӣ (ариш) аз сўи нажодпарастон ба хотири манфиатҳои нажодиашон чунин овардааст: «Нажодпарастон бо истифодаи вожаи ориёиҳо дар баёни ба истилоҳ «нажоди олӣ»-и сохта ва бофтаи худ ин истилоҳро таҳриф кардаанд. Аммо донишмандони асил ҳанўз то оғози Ҷанги ҷаҳонии дуввум аз ин шеваи корбурди истилоҳи мазкур худдорӣ ва дар муқобили чунин истифодаи он эътироз менамуданд». Вай дар идома бо истинод аз ду донишманди олмонӣ меафзояд: «Ҳамин тавр, соли 1939 Э. Ҳертсфелд ва А. Кис чунин навиштаанд: Маводе, ки мо дар ихтиёр дорем, робитаи ориёиҳоро бо «нажоди шимол»-и Аврупо таъйид намекунад. Мардумони ориёӣ бо лаҳҷаҳои ориёӣ тақрибан аз соли 900 пеш аз милод ба гуфтугў кардан оғоз намуда буданд».
Порае, ки интихоб шуду мутолиа кардед, аз мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” буд, ки чун аввалсухан дар китоби “Авасто” чоп шуда буд. Ин ҷилди аввали Авасто буд, ки соли 2014 аз сислисалаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” бо дастгирии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон чоп шуда буд. Матни комили сарсухан ва худи ҷилди аввали китоби Авасто ин ҷо метавонед бихонед: АВАСТО