Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: ГУНБАЗ

Гунбазҳо нақшунигори зиёд доранд, ки яке аз дигаре фарқ мекунанд. Дар гунбазҳо аз нақошию кандакориҳои гулпартоӣ, тасвири рустаниҳо, хатҳои мунаққаш, навиштаҷот исифода шудааст. Ин анъана имрӯз ҳам дар меъмории Тоҷикистон идома дорад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон чойхонаҳо ва имратҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки гунбазҳои пурнақшунигор доранд

Гунбаз, гумбаз, гунбад, қисми болоии қуббашакли имрат. Гунбаз унсури маъмулии санъати меъмории Осиёи Марказӣ мебошад. Гунбазсозӣ дар меъмории тоҷикон таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Гунбазро аввал аз санг ва баътар аз хишти пухта месохтанд. Сипас болои онро тавассути кошинкори ва гаҷкорӣ нақшунигор мекарданд. Аз нимаи дуюми асри 19 ба ҷойи хишту санг масолеҳи оҳану бетон ва филиззот маъмул гардид.

Дар санъати меъмории Осиёи Марказӣ гунбазҳоро ба як чанд навъ ҷудо мекунанд, ки маъмултаринашон гунбази чархӣ ва гунбази балхӣ мебошанд. Гунбази чархӣ дойрашаклу чархмонанд буда, баландиаш тақрибан бо қутраш баробар аст. Гунбазҳои чархиро дар болои боми биноҳои бузурги ҷаъиятӣ (масҷидҳо, мадрасаҳо, мақбароҳо ва ғайра) месохтанд. Ин гуна гунбазҳо дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан ва Ҳисор зиёд ҳастанд. Гунбазҳои чархии мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (қутраш 18 м), масҷиди Бибихоним (қутраш 14,5 м) ва Гӯри Мир (қутраш 15 м) дар Осиёи Марказӣ бузургтаринанд.

Гунбазҳои балхиро, маъмулан, дар болои биноҳои хурд: ҳуҷраҳои мадраса, ҳаммом, сардоба ва ғайра месохтанд. Гунбазҳои Хонакоҳи Файзободи Бухоро, мақбараи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ва Ишратхонаи Самарқанд беҳтарин намунаҳои гунбазҳои балхӣ мебошанд. Ин навъ гунбазҳоро дар мадрасаи Қалъаи Ҳисор ва тамоми мадрасаҳои шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар гузашта сохтаанд, метавон дид. Дар қабристонҳои Тоҷикистон қабрҳое буданд ва ҳастанд, ки дар болояшон гунбаз сохтаанд. Дар гузашта гунбазро дар дахма, мазор ва гӯрхона низ месохтанд.

Гунбазҳо нақшунигори зиёд доранд, ки яке аз дигаре фарқ мекунанд. Дар гунбазҳо аз нақошию кандакориҳои гулпартоӣ, тасвири рустаниҳо, хатҳои мунаққаш, навиштаҷот исифода шудааст. Ин анъана имрӯз ҳам дар меъмории Тоҷикистон идома дорад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон чойхонаҳо ва имратҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки гунбазҳои пурнақшунигор доранд.

Имрӯзҳо дар сохтмони чойхонаҳо шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Исфара, Истаравшан, Данғара, Панҷакент, Хоруғ ҳамчун ҳунари меъмории суннатӣ аз гунбаз истифода мебаранд. Ҳамчунин баъзе ашхос болои хонаи худро дар шакли гунбаз мепӯшонад.

Аз китоби “Донишномаи фарҳанги
мардуми тоҷик”,  ҷилди 1, Душанбе 2015,
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.

Таҳияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фар
ҳанг ва ҳунар.