Душанбеи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз шояд пурбортарин рӯз дар ободонии саҳни Китобхонаи миллӣ буд. Душанбе, ки рӯзи истироҳат барои кормандони китобохона аст, вале ҳамагӣ аз сари субҳ ҷамъ омаданд ва ба корҳои аз дирӯзу рӯзҳои қабл боқимонда идома доданд.
Паси бино собиқ кинотеатри ба номи Ҷомӣ, ки ҳоло баъди аз миён рафтанаш ба як майдони васеъи замини холӣ табдил шудааст, акнун омодаи ба сабзазор бадал шудан аст.
Кормнадони Китобхона имрӯз ҳама саҳни онро пурра ҳамвор карданд, сангрезаҳоро берун бурданд, кулухҳоро майда ва заминро ҳамвор сохтанд.
Баъдан об пошиданд ва он мисли бороне шуд, ки ба замини ташлаб меборад ва бӯйи хоки намзада ба фазо печид.
Боз чанд рӯзе мегузарад ва ин макон ба як майдони назаррабои сабзу хуррам табдил хоҳад шуд.