Гӯшаи китоби Индонезия дар Китобхонаи миллӣ кушоиш ёфт

 Қабл аз зӯҳри имрӯз, 25-уми октябр Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур - Султони Қазоқистон) ҷаноби  Раҳмат Прамоноро ба ҳузур пазируфт.

 Баъди суҳбат атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули китоб, таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи илмӣ  сафорати Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Гӯшаи китоби Индонезия”-ро дар назди шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.

 Бо ифтитоҳи ин Гӯшаи китоби Индонезӣ шумораи гӯшаҳои китоби кишвраҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 20 адад расид.

 Дар охир, меҳмонон аз шуъбаву толорҳои Китобхона, аз қабили мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори Намоиши китобҳои тозанашр, толори хониши электорнӣ, толори хониш, толори феҳрист ва ғайраҳо дидан намуданд.

 Ёдовар мешавем, ки моҳе қабл ҳайати парлумони Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарии муовини Раиси Палатаи намояндагон Фахрӣ Ҳамза аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда буданд.

 Гуфтанист, ки дар айни замон 20 кишвари олам дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китоби худро таъсис кардаанд, ки ҳамарӯза хонандагони зиёде аз он баҳра мебардоранд.

 Маврид ба ёдоварист, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Индонезия бо роҳбарии сафири ин кишвар ҷиҳати таҷлили 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Фарзонаи МИРЗО