такмили адабиёт

Китоби нав: “Достони гандум”

Муаллифи ин китоб Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ буда, ҳоло 65 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва мактаби олии милитсияи  Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.

Китоб  фарогири  ривоятест  машҳур, аз сарзузашти пурмоҷарои зироати қиматтарин барои инсон-гандум, ки чун зари холисаш низ ном мебаранд ва бешак, маводест пурҳикмату хонданбоб.

Андалеб, аслан шоири достонсарост ва тавре худи ў мегўяд, шояд ин ҷавҳар аз таъсири достонҳои  “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаву “Хирадномаи искандарӣ”-и Мавлоно Ҷомӣ, инчунин ашъори баландпарвози Фирдавсию Аттор ва Мавлавию

Дастури нави илмӣ: Асосҳои умумии ҳифзи моликияти зеҳнӣ

 Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ  дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.Зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнӣ ба ҷой доштани моликияти соҳавӣ асоснок карда мешавад.

 

Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ

 Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст.  Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.

 

Китоби нав: Таҳқиқи ҷанбаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ

 Дар китоб оид ба ҷанбаҳои мухталифи мероси фарҳанги Ғайримоддии халқи тоҷик маълумот дода шудааст. Маводи таҳқиқшуда аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ, ки дар асоси экспедитсияҳои мардумшиносии аз ҷониби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ шуда буданд, истифода гардидааст. Китоб аз се бахш иборат буда, дар он оид ба ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо ва донишу таҷрибаҳои суннатии мардуми тоҷик  таҳқиқот сурат гирифтааст. Китоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, фолклор, мардумшиносӣ ва умуман ихлосмандону алоқамандони мероси фарҳанги 

Китоби нав: “Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика”

 Китоби дарсии мазкур, ки аз ҷониби Пиралӣ Назаров таълиф шудааст, аз назари илми  таърих таҳия гардида, муаллифи он масъалаи таълими фанни Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика - ро ҳадафи омўзиш қарор додааст. Қимати таълимӣ ва илмии китоб аз он иборат аст, ки дар шароити муосири норасогиҳои адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ  ва муносибатҳои байналмилалии мактабхои олии Ҳумҳурии Тоҳикистон пешниҳод мегардад.

 

Шаҳобиддин Ҳақназар. “Анодил”

Чунин ном дорад китоби Шаҳобиддини Ҳақназар, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Китоб соли 2018 даршаҳри Душанбе чоп шудааст ва қиссаву ҳикояҳои рӯзно манигори хушнависро дар бар гирифтааст. Маврид ба ёдоварист, ки рўзноманигори варзида, муаллифи барномаҳои ҷолиби радиёӣ Шаҳобиддин Ҳақназар дар риштаи наср низ гуфтаниҳои хешро дорад. Ин маҷмўа гулчине аз он гуфтаниҳоро фаро гирифта, умед аст, ки писанди хонандагон гардад.

Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ин китоб сарсухан навиштааст, ки порае аз онро ин ҷо меорем.

Страницы