Дастури нави илмӣ: Асосҳои умумии ҳифзи моликияти зеҳнӣ

 Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ  дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.Зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнӣ ба ҷой доштани моликияти соҳавӣ асоснок карда мешавад.

            Дастури мазкур бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба моликияти зеҳнӣ таҳия гардида, дар он масъалаҳои матраҳшуда бо пайдарҳамии хоса тавсиф ёфта, барои ташкили муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дастоварди назаррас мебошад.

            Барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ , инчунмн ба доираи васеи омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони хоҳишманд тавсия мешавад.

Дастур аз ҷониби мутахассисони соҳа Шодӣ Ҳафиззода, Акмал Юсуфзода ва Раҷабалӣ Мираҳмадзода таҳия шуда, аз ҷониби шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

Ин китобро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Исроил Иброҳимов, мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ