такмили адабиёт

Паҳӯҳише дар бораи гузашта ва имрӯзи Кангурт

 Китоби “Кангурт” дар бораи яке аз мавзеъҳои машҳури куҳандиёри  тоҷикон – Кангурт  таҳия шудааст. Кангурт муддатҳост, ки бо як ном маъруф  буда, бо мардони ватандўсту  шуҳратманди худ шинохта шудааст. Дар ҳама давру замон, бо вуҷуди таҳдиду хатарҳои ба сари ин мардуму мавзеъ омада, Кангурт ном ва шуҳрату шаъни худро ҳифз кардааст. Дар домони ин диёри меҳрофару босафо шахсиятҳои хирадманду ҳунарвар, зираку сиёсатмадор, шоиру мураббӣ ва ободгару навовар тарбият ёфта, ба воя расидаанд.

Баъди соҳибистиқлолии кишвар доир ба таърихи Кангурт, аз

Истиқлолият ва фарҳанги миллӣ

 Чунин ном дорад маҷмўи мақолаҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳадаф  аз таълифоти мазкур кўшиш дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷалби хонандагон ба масоили мазкур унвон шудааст. Дар шиносномаи он аз ҷумла мехонем: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умумпазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.

Танҳо инсонҳои соҳибмаърифат, огоҳу худшинос ва дорои ахлоқи 

Китобҳои тозавуруд: “Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат”

 Ин китоб маҷмўа фишурдаи маърўзаҳои иштироккунандагони конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ буда, фарогири масоили филологӣ, аз қабили масъалаҳои лингвистика, забоншиносии муқоисавӣ, методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ, масъалаҳои  адабию фарҳангӣ, робитаҳои  адабӣ ва нақди тарҷумаю тарҷумашиносӣ мебошад.

Мавод ба ёрии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аспирантон, магистрантон, олимон ва мутахассисони соҳаи муосири филология ва методикаи таълими забонҳои хориҷии аврупоӣ тавсия дода шудааст.

Китобҳои тозавуруд: «Адабиёти бостон”

«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва  ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад. 

Китобҳои тозавуруд: “Қуттии почта”

 Чунин ном дорад китоби наве, ки ахи ран ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид ва муаллифи он адиби маъруфи Озарбойҷони қарни ХХ Ҷалил Мамедқулизода мебошад. Китоб бо талоши профессор Муҳаммадсалом Машғулов  ва сарсухани Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои  Озарбойҷон дар нашриёти “Эр-Граф” интишор ёфтааст.

 Хонандагони тоҷик  дар ин китоб намунаҳои  олии  эҷодиёти  классики  машҳури  адабиёти  озарбоҷони  асри XX,  нависанда  ва  драматург,  намояндаи  маъруфи  ҳақиқатнигории  интиқодӣ,   

  

Китобҳои нав: “Дар ҳарими моҳтоб”

Чунин ном дорад китоби ашъори Мирзоҷамол, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт.  Дар муаррифии он мехонем: “Китоби "Дар ҳарими моҳтоб"-и шоир Мирзоҷамол мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, аз ғазалу қитъа, манзумаву рубоиву дубайтӣ иборат аст. Сароҳати сухану табъи равони шоир китобро хонданӣ кардааст. Он туҳфаи хубест барои аҳли завқ ва хонандагону мухлисони шеъри рӯз”

 Китоби мазкур бо ду ҳуруф: крилӣ ва форсӣ чоп шуда ва ин чанд абёт  барои хонандагони сомона интихоб шуд:

 

Страницы