такмили адабиёт

Фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ

 Дар китоби дарсии мазкур таҷрибаи кори иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои  байналхалқӣ дар мисоли фаъолияти хадамоти сиёсати хориҷӣ ба таври мухтасар ҷамъбандӣ ва низомбандӣ шудааст. Ҳангоми таҳияи китоб муаллифон ба дастовардҳои коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ такя намуда, аз мавод, хотирот ва ёддоштҳои дипломатҳо ва сиёсатмадорон ба таври васеъ истифода намудаанд.

 Китоби дарсӣ барои донишҷуён, магистрон, унвонҷўён, аспирантони мактабҳои  олӣ, ки дар самти ихтисосҳои «Муносибатҳои байналхалқӣ», «Минтақашиносӣ»,

Тафсир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак»

 Китоби  мазкур аз тафсири модда ба моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015 бо тағйиру иловаҳои минбаъда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафсир қарор дода шудааст.

 Тафсири  мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, устодону омўзгорон, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони 

Китоби нав: “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”

 Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   дар фазои пасошўравӣ аз ҷониби рохбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд.  Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.

 Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ  Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти хуқуқи байналмилалӣ ва 

Китоби нав: “Шанхайская организация сотрудничества”

 Ин китоби тозавуруд, чуноне аз номаш пайдост, дар бораи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар шакли кутоҳшудаи СҲШ ифода мешавад. Ва табиист, ки ба таърих ва фаъолиятҳои ин созмон аз замони таъсисаш то ба кунун бахшида шудааст.

 Муаллифи китоб Маҳмадамин Оймаҳмадов талош кардааст як услуби содаву даркаш осонтарро ба кор барад, то хонанда  тавонад ба осонӣ марҳилаҳои рушди ин Паймони байналмилалриро бифаҳмад.

Китоби нав: Генераторҳо

 Дастур ба омўзиши генераторҳои шиддати синусоидалӣ, генераторҳои импулсҳои росткунҷа ва генераторҳои шиддати хаттӣ тағирёбанда ва намудҳои онҳо бахшида шудааст. Инчунин дар дастури таълим намудҳои радиосигналҳо ва видеоимпулсҳо ва таҳлили спектри онҳо оварда шудааст.

 Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи радиоэлектроника ва донишҷўёни факултаҳои физикаи ихтисосҳои радиофизика ва радиотехника иншо шудааст.

Дар бораи ҳуқуқи оилавӣ дар Тоҷикистон чиро бояд донист?

 Ба ин суол китоби “Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш нашриёти “Эр-граф” интишор додааст, посух медиҳад. Дар ин  воситаи  таълимӣ-методии  зикршуда  масъалаҳои  асосии  назария  ва амалияи  омўзиши  фанни  таълимии  ҳуқуқи  оилавӣ  баррасӣ  шудааст. Воситаи  таълимӣ-методии  мазкур  дар  шакли саволу  ҷавоб   омода  гардидааст. Аксари  саволҳои  воситаи  таълимӣ  аз барномаи  таълимии  фанни  ҳуқуқи оилавӣ  дар  Академияи  ВКД  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гирифта  шудаанд. Вобаста  ба саволҳо  дар  заминаи  санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

Страницы