такмили адабиёт

“Килки сабз”. Намунаи ашъори шоирони ҷавони Тоҷикистон

 Дар ин маҷмўа намунаи ашъори шоирони ҷавон, ки дар озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - «Килки сабз» ширкат варзиданд, гирд оварда шудааст. Ҳадафи озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Китоби мазкур  фарогири ашъори зиёда аз 50 шоири ҷавон мебошад. Маҷмўа ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

 Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад: Маро ҳар номи наве дар адабиёт шод мекунад, махсусан боз дар замоне, ки адабиёт аз бисёр пуштвонаҳои моддиву маънавии пешинааш бебаҳра шудааст ва ҳоло ҳар касе

“Рухсора”. Чопи нави қисса бо сарсухани Муҳаммадҷон Шакурӣ

Шоир  ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи  ҷоизаи  адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди  шоистаи маданияти  Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1934- 1994) аз худ осори гаронбаҳое, боқӣ  гузоштааст, ки қиссаи «Рухсора» яке аз онҳост. “Рухсора” ҳатто замоне, ки нависанда дар қайди ҳаёт буд, зиёд чоп шуд ва миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард.  Ва ахиран нашриёти  “Олами китоб” онро интишор додаву як тақризи басо пурмуҳтавои академик Муҳаммадҷон Шакуриро низ овардааст. Устод Шакурии зиндаёд аз ҷумла навишта:

 Ҳоло  адабиёти  мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро,

Чун Насимӣ растагор аст аз фанову аз адам...

Саид  Имодаддин  Насимӣ  аввалин  касест,  ки  ба  забони  озарбойҷонӣ  девони  комилеро   ба  вуҷуд  оварда,  роҳи  ноҳамвори   каломи  манзумро    барои   ҳамзабонони   худ  тахту  ҳамвору  хушсалиқа  гардонид.  Аз  ин  ҷиҳат,  муҳаққиқини   ватаниву  хориҷӣ  Саид  Имодаддинро   яке  аз  поягузорону  саромадон  ва  сарсупурдагони  адабиёти   Озарбойҷон   пазирафтаанд.

 Китоби  мазкур  бо   амри  Президенти Ҷумҳурии  Озарбойҷон  ба  муносибати   650 – солагии  шоири  бузург  ва  мутафаккири  барҷаста   Имодаддини  Насимӣ  бо  ташаббус  ва  дастгрии  Сафорати  Ҷумҳурии  Озарбойҷон   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

 

Китобҳои тозавуруд: Баҳром Фирӯз. Ғафлатзадагон

“Дар осмони  тираранг  абр не, гўё тахтаи  сурби вазнин, беҳаракат  шах шудааст. Замин  бистари  сафеди барфӣ аз тан  партофта  буд  ва ҳоло аз  сармо гуё меларзид  ва мисли соҳибони ин диёр  либосе надошт, то тани  лоғару бараҳнаашро бипўшад.Зимистон гузашта,фасли баҳор фаромерасид. Баҳори  умедворони  ноумед, баҳоре, ки хазони одамизодро   ёд меовард.

 Аспи сиёҳмушкин  аробаи  кўтакро  ба як маром  мекашид. Ба ғиҷирроси  чарҳҳои  гардуна  гўши  мусофирон одат  карда  буд. Аз он, ки асп ҳам, аробакаш  ҳам, ду бачаяки хоболуди  дар паҳлўи  чапу рости ў нишаста ҳам, хастаҳолона, ба атроф

“Сомониён дар оинаи таърих”

 Чунин ном дорад, ки китобе, ки ахиран   дар ҳаҷми 567саҳифа зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Ин ҷилди дуввуми китоби мазкур буда, матнҳои  арабинаслро  бо такмилу иловаҳо дар бар гирифтааст. Фароҳамоварандагони  матн, муаллифони  таълиқот, ҳавошӣ  ва луғатнома  донишмандони шинохтаи тоҷик Носирҷон Салимӣ, Низомуддин Зоҳидӣ, Нуруллохон  Ғиёсов, Абдуҷамол Ҳасанзода мебошнд.

Мураттибон дар оғоз навиштаанд,ки китоби дуҷилдаи«Сомониён дар оинаи таърих», ки бори аввал соли1998 дар Хуҷанд ба табъ расида буд,маводи 

Китобҳои тозавуруд: Ҳуқуқшиносии муқоисавӣ

 Илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз зумраи илмҳои ҷамъиятшиносие  мебошанд, ки бо вуҷуди доштани унсурҳои умумӣ, усулҳои ҳамсон ва воситаҳои таъсиррасонии ҳамгун вобаста ба гуногунии табиати инсон дар алоқаманди бо мухталифии зуҳури манфиатҳо, дар такя ба озодиҳо ва имкониятҳои ба воқеият, ба адолат ва инсоф асос ёфта, дар шакл ва навъҳои гуногун, зуҳур менамояд. Асос ва ҷавҳари ин гуногунӣ, агар аз як ҷониб ба мухталифии роҳу равиши хиради инсонӣ ба сўи ҳастии воқеии ҳуқуқ иртибот дошта бошад, аз ҷониби дигар худи ҳамин мухталифии воқеияти ҳуқуқӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо шарту шароит ва сатҳитафаккури инсонӣ дар доираи имконият ва озодиҳо 

Страницы