такмили адабиёт

Бонк чист ва бонкдор кист?

​Бонк яке аз субъектҳои иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар ҳар давру замон байни харидор ва фурӯшандаи пул мақоми миёнаравиро дорад.  Айни замон ҳаёти мусирро бе бонкҳо ва низоми бокӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Китоби Мавзуна Сабзаева “Бонк ва бонкдор” шуморо бо вижагиҳои зиёде, ки хости низоми бонкдорист, ошно месозад. Ин китоби таълимӣ ба  таҳқиқи фаъолияти бонкҳо, амалиёти бонкӣ, низоми бонкдорӣ ва шуғли бонкӣ дар Тоҷикистон ва шарҳи комёбиҳои бонкдорҳои машҳур бахшида шудааст. Он ба донишҷўёни тахассуси бонкдорӣ ва доираи васеи алоқамандони адабиёти иқтисодӣ тавсия карда шудааст.

Китоби нав: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино “Донишнома”-и нав интишор дод. Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор М.Гулзода дар сарсухани китоб аз ҷумла навиштааст: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино китобест, ки хонанда аз он маълумоти зарурӣ ба даст меорад.

Китоб аз ду бахши бузург иборат мебошад. Дар бахши аввал роҳи дар тӯли 80 сол тайкардаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба қалам дода шудааст. Ин муддатест, ки донишгоҳ ба муваффақияту нокомӣ ва пирӯзию шикастҳо рў ба

Китобҳои тозавуруд: “Шаҳраки кушонии Сайёд”

 Аз 23 август то 7 сентябри с. 2018 кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ (сардори экспедитсия), А. Шарифзода (мушовири илмӣ), сармутахассисон М. Сафоев, А. Қаюмзода, З. Назаров ва М.Каримдодов дар ёдгории Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронданд. Бори нахуст ҳамин ҳайат соли 2016 дар ин ёдгорӣ ковиш гузаронда буданд. Бинобар натиҷаи хуб додани ҳафриёти он сол қарор дода шуд, ки омўзиши ин ёдгорӣ минбаъд низ идома дода шавад. Ва идома ёфт, ки натиҷаи он дар китоби “Шаҳраки кушонии Сайёд” гирдоварӣ шуд.

Китоби нави Рамазон Раҳимзода: “Фазилати Пешво”

 Дастури таълимии «Фазилати Пешво» китобест дар боби фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун мактаби сиёсати давлатдорӣ  барои насли оянда ва намунаи ибрат ба ҳар як фард барои расидан ба мақсадҳои олӣ, дарки худшиносӣ ва инсони комил мебошад. Дар ин китоб хислатҳои беҳтарини Пешвои миллат ва иқдомҳои муҳимми он инъикос ёфтааст.

 Муаллиф дар муқаддима аз ҷумла навиштааст: Дар саргаҳи таърихи ҳар як миллату халқият ва давлат шахсиятҳое меистанд, ки бо  фитрату хислат, хулқу атвор, афкору андеша ва рафтору

 

Китобҳои тозавуруд: қисми дуюми романи Ато Мирхоҷа “Саройи Санг”

 Қисми дуюми романи таърихии адиби маъруф Ато Мирхоҷа «Саройи санг» аз чоп баромад, ки давраи  солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дарбар  мегирад. Дар ин замон Шуғнону Вахон хироҷгузори  Бадахшон бошанд ҳам, амалан ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуданд. Бадахшон давлати мустақил ҳисоб  шуда, ҳудуди ғарбии он то Тахористон доман паҳн мекунад. Таҳти пуштибонии англисҳо дар Кобул ҳукумати афғонҳо батадриҷ шакл гирифта, ба неруи муҳимми сиёсии минтақа табдил меёбад.

 Муаллифи роман дар ин қисмат ба зиддиятҳои хурду камаҳамияти дохилӣ машғул гардида, аз авзои воқеии ҷаҳон

Сарсухани академик Раҳмонзода ба китоби “Об – сарчашмаи зиндагӣ”

 Об манбаи ҳаёти инсон буда, унсури калидӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурду  бузург ба қадри ин неъмати бебаҳо расида, ба он арҷ мегузоранд ва бо самимият дар тамоми осори шифоҳию хаттӣ,  адабию фарҳангӣ васфаш мекунанд. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон вобаста ба масъалаҳои об доир ба аҳаммияти об дар сайёра сухан гуфта, барои тозаю соф нигоҳ доштани обҳои мусаффои кишварамон изҳори назар менамоянд.

Тоҷикистон манбаи пуриқтидори сарчашмаҳои обӣ дар минтақаи

Страницы