Узвияти беш аз чор ҳазор хонанда зарфи се ҳафтаи охир
Нашр шуд 2020-10-13 17:07
Зарфи се ҳафтаи охир теъдоди хонандагони нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4351 нафар афзудааст. Бино ба оморе, ки ҳамакнун дастраси мо шуд, аз замони оғози ҳамагирии КОВИД-19 ин баландтарин сатҳи ҷалби хонандагон ба Китобхона аст.
Аксари касоне, ки ба тозагӣ худро ба узвияти Китобхонаи миллӣ номнавис ва соҳиби корти вуруд шуданд, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна мебошанд. Маъмулан оғози соли таҳсил шумори хонандагон ба маротиб меафзояд ва имсол ҳам бо вуҷуди авҷи сирояти КОВД-19 шумори хонандагон дар толорҳои хониш афзуду кам нашуд.
Кормандону масъулон аз афзоиши талабот ба китобҳои илмӣ ҳарф мезанад ва ин гувоҳи он аст, ки воридшавандагон ба толорҳои хониш бештар адабиёти илмӣ талаб мекунанд.
Зумрае аз хонандагон ҳамарӯза барои омодагӣ ба ширкат ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” ба китобхона меоянд ва онҳо дар толори махсусе, ки кулли китобҳои вобаста ба озмун гирдоварӣ шудаанд, саргарми мутолиа мешаванд.
Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт намуд, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб мебошад.
Меҳриниссо Гадоева, корманди шуъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.