Дар остонаи ҷашни Наврӯз шоира Нориниссо Алимуҳаммадова дар синни 68-солагӣ баъди бемории дурудароз дар манзили писараш дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Мухлисони ашъораш ва сокинони Хуҷанд бо шоира дар манзилаш видоъ карданд ва сипас ҷанозаи ӯ дар деҳаи Румон ба хок супурда шуд.
Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоираро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар унвон намуданд.
Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тассалиёти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли хонадону пайвандони расонида, аз ҷумла таъкид намуд, ки «Шоира Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун ҷамотчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд. Шодравон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолна ширкат варзида, бо суханони дилрас ва ашъори дилчасп мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамуданд. Ирӯз шоираро ба роҳи охират гусел кунем ҳам, ашъори баландмазмун ва фаъолияти пурбаракату ибратбахшашон дар дилу дидаҳои мо солиёни зиёд боқӣ хоҳад монд. Зеро шоира муаллифи даҳҳо маҷмуъаи ашъор ва китобҳои хонданӣ буда, онҳо талқингари одаму одамгарӣ, хислатҳои наҷиб ва дигар арзишҳои инсонӣ мебошад».
Дар таъзияномаи шаҳрдори Хуҷанд мехонем: Нориниссо Алимуҳаммад 25 марти соли 1950 дар деҳаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Раззоқи шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва мухлиси ашаддии ғазалҳои лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд.
Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: “Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст.
Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи “Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 “Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, “Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони “Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.
Барои заҳамоти софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуд.
Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ин ғазал аз Нориниссост:
Маро бо дардҳоям зери хоки сард гӯронед,
На болову на поёну на дур аз дард гӯронед.
Ба ташвишу тараддудҳо тамоми умр саргардон
Чу як фарзанди унвондори яктогард гӯронед.
Замину осмон дигар саробонӣ нахохад кард ,
Агар бо дидаи тар, рангу рӯи зард гӯронед.
Садои ошно ояд агар аз олами боло,
Зи ҳар як нолаи дил бохабар як гард гӯронед.
Сари ҳарфи каломе, ки расида аз Худовандам,
Чу бадбахтеву хушбахте, ки дорад вард, гӯронед.
Сари савдои дил шӯру мағалро дур андозед,
Дар оғӯши замини сабзи беогард гуронед.
Ба исёну ба туғёне, ки дорам дар ниҳоди хеш,
Ҳақиқатгӯ, ҳақиқатҷӯй чун як мард гӯронед.