Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ...
Дар бораи Наврўз, таърихи пайдоиши он ва тарзу усули ҷашнгирии он қиссаю ривоят ва ҳуҷҷату навиштаҳо хеле бисёр аст ва омўзиши самтҳои мухталифи он то имрўз аз сўи донишварону бостоншиносон ва пажуҳишгарон идома дорад, аз ҷумла оғози Наврўзро ба рўзи ба тахт нишастани Ҷамшед мансуб медонанд.
Ба Ҷамшед, бар гавҳар афшонданд,
Мар он рўзро рўзи нав хонданд.
Сари соли нав, Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Фирдавсии Туси.
Наврўз оғози соли Нави мардуми тоҷику порс ва бархе мардумони дигар, инчунин рўзи нахустини фасли Баҳор аст. Аз ҷиҳати дигар Наврўз оғоз ва ё нахустин рўзи давр задани Замин ба гирди меҳвари худ, яъне Офтоб мебошад. Аз ҳамин рўз давр задани Замин ба гирди Офтоб тавассути дувоздаҳ бурҷ (ҳар бурҷ ба сӣ рўз баробар аст) сар шуда, 365 рўз (дар муддати ҳар чаҳор сол ин мўҳлат андаке дигар мешавад) давом мекунад ва як рўз пеш аз оғози Наврўз анҷом меёбад. Яъне, Замин ба гирди Офтоб дар як сол як маротиб чарх мезанад.
Аз аз ин рў, Наврўз ҳамчу ченаки вақт ва ё муайянкунандаи давомияти даври гардун, мурури вақт ба ҳисоб меравад. Ва мардум бо назардошти он рўзгори худро танзим менамоянд. Чуноне, ки солро ба дувоздаҳ моҳ тақсим мекунад ва майянкунандаи вақти сол ба ҳисоб меравад.
Нахустинрўзи давр задани Замин ба гирди Офтоб рўзи нахусти моҳи Фарвардин ва анҷоми он рўзи пасини Исфандмоҳ мебошад. Ва ин солшумории тоҷиконро Хуршедӣ низ меноманд. Чунин солшуморӣ ба баъзе дигар миллату мазҳабҳо низ хос аст. Масалан, соли нави масеҳӣ 1 - январ фаро мерасад ва онро ҳар сол қариб ҳамаи мардуми ҷаҳон ҷашн мегиранд. Сабаби ба таври васеъ ҷашн гирифтани ин сана дар он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мурури вақтро бо ин сана, яъне 1-ми январ танзим мекунанд. Ҳамчунин солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ, ки аз ҳиҷрат ва ё сафари Муҳаммад пайғамбар (с) аз шаҳри Мака ба шаҳри Мадина сар мешавад. Ин ҳиҷрат ба 22 июли соли 622 Исавӣ рост меояд. Ва дар таърих бо солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ ба расмият шинохта шуд. Чанде пас аз пайдоиши ислом дар рўзгори мардуми порсу тоҷик солшумории ҳиҷрӣ- қамарӣ мавқеи истифодаи солшумории Хуршедиро коҳиш дода, мавриди истифодаи мардуми мо қарор гирифт. Ва ин низ чирагии мардуми араб нисбат ба мардумони мо буд. Вале пас аз Инқилоби Ўктабир дар Осиёи хурд аз расмият дур карда шуд ва ҷои онро солшумории масеҳӣ гирифт. Албатта ин қоидаи зиндагӣ аст. Дар ҳама ҷо мардум ё миллати ҳоким қонуну қоидаҳои худро ҷорӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки солшумории Хуршедӣ нисбат ба дигар солшумориҳое, ки мо ёдрас шудем, таърихи хеле куҳан дорад. Зиёда аз панҷ ҳазор сол пеш зуҳур кардааст. Вале бо сабабҳое, ки дар боло ёдрас шуд, имрўз он ба таври расмӣ истифода карда намешавад.
Шояд бисёриҳо чунин пурсише кунанд, ки чаро Наврўз ба дигар рўз, дигар фасл не, маҳз 21 моҳи март ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин вақт шабу рўз ба ҳам баробар мешаванд ва пасон зинда ё зода шудани табиат, рўзи нахусти Баҳор аз ҳамин рўз сар мешавад. Олами афсурда ва ё табиати хомўшгашта пас аз фасли зимистон аз нав зинда мегардад. Бинобар ин солшумории Хуршедӣ аз нигоҳи илмӣ хеле дуруст аст. Эҳтимол оғози гардиши гетӣ низ бошад.
Умуман мурури вақт бо сония, дақиқа, соат, рўз, ҳафта, моҳ, се моҳ- фасл, сол, сада, ва ҳазора ҷудо карда мешавад. Мақсад аз ин ҷудо кардани вақт ба чунин фосилаҳо танзими рўзгор, аз ҷумла муайян намудани синну соли одамӣ ва ғайра масоил мебошад. Чунин фосилабандии вақт ва истифодаи он баҳри танзими рўзгор исботи он аст, ки мардуми порсу тоҷик аз замонҳои пеш дорои фарҳангу хиради воло буданд. Бадин васила соҳиби давлати бузург, ба истилоҳ «империя» буданд. Ва махсусан барои танзими корҳои давлатӣ ва барои майян намудани реҷаи корӣ фосилабандии вақт хеле муҳим ва лозим аст.
Баҳор низ оғози Соли нави аҷдодии мо аст. Фасли зебо ва арўси сол аст. Оғози зиндагӣ аз Рўзи нав ё Наврўз, аз фарорасии Баҳори хуҷастапай сар мешавад. Ва олам ҳама аз нав зиндаю тобанда мегардад. Ҷаҳон сарорсар гулпўш мегардад ва аз ин рў ин фаслро, баҳори гулафшон ва ё баҳори гулбасар низ мегўянд.
Аз бостон шоирони мо Наврўзу Баҳорро ситоиш мекарданд. Баҳорияи Устод Рўдакӣ намунаи беҳтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ва оғози он чунин аст:
Омад Баҳори хуррам, бо рангу бўи тииб.
Бо сад ҳазор нузҳату оироиши аҷиб.
Шояд бадин гаҳ шавад марди пир ҷавон,
Гетӣ шабоб ёфт ба дил аз пайи машиб…
Инчунин рубоиҳои мардумӣ низ дар ситоиши Наврӯзу Баҳор дилчасп мебошанд.
Ҷашни Навруз омаду гетӣ мунаввар мешавад.
Ҳосили илми писар аз додани зар мешавад.
Баҳор омад, Баҳор омад,
Баҳори лолазор омад.
Ба деҳхон вақти кор омад,
Баҳори нав муборак бод.
Инчунин ғазали Саъдии Шерозӣ дар васфи Наврўз хеле хубтару беҳтар буда, оғозаш чунин аст:
Биёмад боди субҳу иди Наврўз.
Ба коми дўстон ин бахти пирўз.
Ҳумоюн бодат ин солу ҳама сол,
Муборак бодат ин рўзу ҳама рўз...
Ва ё Хоҷа Ҳофизи бузург гуфтаанд:
Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ.
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрўзӣ…
Сухан дар парда мегўям чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рўзе нест ҳукми мири наврўзӣ…
Аз гуфтаҳои Хоҷа Ҳофиз бармеояд, ки Наврўзро дар замони пеш панҷ рўз ҷашн мегирифтаанд....
Хушбахтона бо Қарори Ассамблеи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Наврўз Рўзи байналмилалӣ эълон шуд ва он ҳар сол 21 март дар Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон, Озорбойҷон, Қазоқистон ва бархе дигар давлатҳо ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар шинохти Наврўз ба сифати рўзи ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистон, хосса Раисҷумҳури он мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле пешрою пешгом буданд.
Дилафрӯз Шоназарова,
шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ