Ҳизбе, ки ошён дар умқи дили халқ дорад. Чанд ҳарф аз таърихи таъсиси Ҳизби Халии Демократӣ аз забони муассиси он Эмомалӣ Раҳмон. Бахши аввал

Ҳизбе, ки ошён дар умқи дили халқ дорад. Чанд ҳарф аз таърихи таъсиси Ҳизби Халии Демократӣ аз забони муассиси он Эмомалӣ Раҳмон. Бахши аввал

 

Ҳизби мо ҳизби табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эҷоди халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро созмон додем. Дар сафҳои он аз рӯзи аввал мардуми оддӣ ҷамъ омаданд. Ҳеҷ гуна элитаи хос надоштем. Ин элитаи ба вуҷудомадаи худрӯи халқист, ки баъдтар ба он зиёиён ва намояндагони элитаи сиёсии кишвар низ пайвасти як модели хуби ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд. Дар атрофи ин ҳизб гапҳои зиёде ба вуҷуд оварданд, онро маҳаллӣ ё маҳалгаро низ ном бурданд, онро миллӣ ё миллигаро низ мегуфтанд.

Мо ба хотири ваҳдати миллӣ дар сафҳои ин ҳизб ҳам коммунистон, ҳам демократҳо, ҳам аъзои Растохезу ҳам диндорон, ҳам фронти халқиву ҳам намояндагони аҳзоби мухолифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, ин пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ буд. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ аз ҳадафҳои миллӣ даст кашида наметавонистем. Мо бо мардум будем, мардум бо мо буд. Халқ бо мо буд, бинобар ин ҳизби мо аз аввал халқӣ буд ва номаш ҳам халқӣ шуд.

Мафхуми «демократӣ»-ро ман баъдтар пешниҳод кардам. Аъзои ҳизб ин ғояро соли 1997 дар Анҷумани III ҳизб пазируфта, қонунӣ гардониданд. Ин мафҳум аз Сарқонуни мо гирифта шудааст ва барои он ки нисбат ба демократҳои онвақта мардум як эҳсосоти манфӣ дошт, мо ба хотири сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеа ин калимаро ба номи ҳизби халқӣ ҳамроҳ кардем. Мо чунин воқеиятро низ ба ҳисоб гирифтем, ки мардум овозҳо дар вақти раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ояндаи Тоҷикистон чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ мушаххас гардида буд, овоз доданд.

Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ифодакунандаи иродаи маҳз он мардуме ҳаст, ки ба ин Сарқонун овоз дода буд ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро дар сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати миллӣ, гулгулшукуфӣ, некуаҳволии халқ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули давлати миллӣ медид ва имрӯз ҳам дида истодааст. Сабаби дар атрофи ҳизби мо бештар ҷамъ омадани мардум маҳз ҳамин ғояҳои худи халқ аст, ки онро мо ба сиёсати воқеӣ табдил додем.

Ман шахсан ҷомеаи Тоҷикистонро ҳамон тавре ки ҳаст, мепазирам. Яъне он аз гурӯҳҳои мухталиф ва ҳатто ба ҳам зид иборат буд ва ҳаст. Лекин ман наметавонам ба манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатӣ, умумиҷамъиятӣ, умумихалқӣ диққат надиҳам. Ман барои худам онҳоро дар мадди аввал мегузорам ва аз ҳар гурӯҳе дар ин кишвар мехоҳам, ки ба хотири сулҳу субот ва рушди демократии кишварамон, ба хотири тараққиёт ва инкишофи иқтисоди миллӣ, ояндаи фарзандонамон ва бахусус он ҷавононе, ки бо сад умед дар макотиби миёнаву олии кишвар ва берун аз он таҳсил доранду ояндаи худро бо ватани азизамон пайвастан мехоҳанд, мо бояд зиддиятҳои хешро дар сатҳи гуфтушунид, ҳамдигарфаҳмӣ, муколамаҳои миллӣ ва байнигурӯҳӣ ҳал намоем.

Яъне ман таъкид карданӣ ҳастам, ки обрӯю нуфузи ҳизби мо, маҳбубияти он дар байни мардум дар умқи ҷомеаи мо реша дорад ва ҷонибдории роҳи сиёсии мо пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ғояҳои мо ғояҳои халқ мебошанд ва барои тавсеаю амиқ шудани ҳокимияти халқ мубориза мебарем, на кадом як элитаи хос ё авлоди ягон шоҳу вазир. Сиёсати мо барои мардум аст ва мардум бояд онро амалй намояд. Дар сафи пеши чунин мардуми фаъол гурӯҳи аз ҷиҳати сиёсй устувор ва пешқадами ҷомеа меистад, ки онҳо дар сафҳои ҳизб муттаҳид шудаанд.

Давлати мо чӣ хеле, ки дар Сарқонун таъкид шудааст, давлати иҷтимоӣ мебошад. Ин хусусияти хоси давлати миллии мост, ки онро маҳбуби ҳамагон гардонидааст.

Мо тамоми қувваро маҳз барои амалӣ гардидани муқаррароту ғояҳои асосии Сарқонун равона кардаем ва бахусус, қисми зиёди буҷети давлатй ба соҳаи иҷтимоӣ сарф карда мешавад.

Тамоми руҳияи ҳизбии мо, бандубасти барномаҳои пешазинтихоботии мо ба бунёдкориву созандагӣ, вахдати милливу некуаҳволии шаҳрвандон, рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, амалӣ гаштани озодиҳо ва ҳифзи хуқуқи инсон нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин ҷиҳати ҳизби мо маҳбубияти онро дар байни қишрҳои васеи ҷомеа таъмин менамояд. Ҳифзи гуногунандешӣ, низоми бисёрҳизбӣ, озодии сухану матбуот, интихоботи шаффофу демократ, ҳифзи арзишҳо ва анъаноти миллӣ рушди шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна, чун ормонҳои наҷиби ҳизби мо зина ба зина амалӣ шуда истодааст, ки он мавқеи моро дар ҷомеа беш аз пеш мустаҳкам мегардонад.

Ҷиҳати дигари бисёр ҳам хоссаи ҳизби мо дар он аст, ки чи ба табақаи рӯҳониён, чи ба ҳар як диндори воқеӣ эҳтироми хос зоҳир намуда, барои тақвияти имони шаҳрвандон, қонеъ гардонидани талаботи динии мардум тамоми роҳҳоро боз намудем. Ин имконият дод, ки кишвари мо дар байни дигар кишварҳои исломӣ соҳиби эҳтирому обрӯи хос гашта, узви тамоми созмонҳои исломӣ бошад, робитаи хеле наздик ва ҳаматарафаро бо ин кишварҳо барқарор намояд.

Мо хеле хуб дарк менамоем, ки донистани муқаррароту рукнҳои дини мубини ислом барои ҳар як мусулмон ҳам фарз асту ҳам суннат. Дин дар тарбияи инсони поку хушахлоқ, бофарҳанг ва соҳибтамаддун нақши муҳиму созгор дорад. Вале ҳадафи асосии мо таъмин кардани озодии виҷдон аст. Моҳияти дунявияти давлати худро барои мардуми худ ва ҷомеаи башарӣ муаррифӣ намудан маҳз дар таъмини озодиҳои динй ҳувайдо мешавад. Ин моҳият инъикосгари воқеиятест, ки дар Тоҷикистон намояндагони дину мазҳабҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва ҳамчунин ҷомеа ҳафтод сол дар як марҳилаи атеистӣ ҳаёт ба cap бурдааст ва аксарияти мардум ҳоло зери таъсири ҳамон андешаҳо боқӣ мондаанд.

Масъалаи дигар ҷиддӣ барои Тоҷикистон ин эҳтиром гузоштан нисбат ба ҳамаи гурӯхдои миллӣ ва этникии сокини ватанамон мебошад. Мо барои фарҳанги хоси ин гурӯхдои миллӣ ва этникӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем. Дар Тоҷикистон эҳсосоти дигар миллатҳоро бад дидан ё миллатгароӣ умуман ба назар намерасад, ки ин дастоварди бузурги давраи истиқлол мебошад.

Дар баробари ин, мо маҳалгароиро ҳамчун падидаи номатлуб маҳкум мекунем ва ба мавқеи занон дар сиёсати давлатӣ нақши муҳимро қоилем. Ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам ҳизбӣ мо барои дар вазифаҳои масъулиятнок ҷоӣ гирифтани занону духтарон талош хоҳем кард.

Ҳизби мо созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати милливу ҳифзи истиқлолияти давлатиро шиори хеш қарор додаву пайваста аз пайи амалӣ кардани орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ҳизби мо ҳизби садоқат ва соҳибиродаву пурмасъулият аст. Ҳизби халқист. Хислати демократӣ ва иҷтимоӣ дорад. Ҳизби созандаи давлати миллӣ, соҳибтаҷриба, пайвандгари давлати миллӣ ва халқи азизамон мебошад.

 

Аз китоби “Бист қадами созанда”. Навиштаи Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2014 дар нашриёти “Эр-граф” чоп шудааст.

Таҳияи Муродова Моҳира