Муаррифӣ: Эмомалӣ Раҳмон ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Нашр шуд 2021-02-04 16:34
Ду китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ҷилдҳои 18 ва 19- уми силсилакитоби таърихӣ аз фаъолияти ҳамарўзаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси хонандагони Китобхонаи миллӣ шуд. Ин ду китоб, яке аз натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлўи Пешвои миллат дар соли 2018 ва дуюмӣ аз фаъолиятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 нақл мекунанд.
Китобҳо зери назари умумии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ аз ҷониби Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Айниддин Самариддин тартиб дода шудаанд. Дар ин китобҳо, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ дар алоҳидагӣ нашр мегарданд, иттилооти дақиқу муфассал дар бораи фаъолияти ҳамарўзаи Пешвои миллат дар солҳои 2018 ва 2019 пайдо кардан мумкин аст.
Китобҳои мазкур дорои аҳамияти калони илмию амалӣ ва таърихию фарҳангӣ буда, ба доираи васеи хонандагони дохилию хориҷӣ тавсия дода шудааст. Онро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
М. Муҳаббатова, Медиатекаи Президентӣ.