Лаҳзаҳои хотирмон!

Замоне мерасад, ки хатми доникада мо ҳамсабақонро аз ҳам ҷудо мекунад. Ва аз ҳоло дилрешам, гумон мекунам он рӯзҳои хуши бо ҳам буданҳо солҳо хаёламро тарк нахоҳад кард.  Ва ёд дорам, рўзе, ки ба ин Донишкада аввалин қадами худро гузошта будам ва орзуҳое, ки дар дил мепарваридам.
Гўё ман як шамъе будам, ки дар тўли ин солҳои донишандўзӣ омўзгорони бомаърифату бофарҳанг он шамъро фурўзон карданд, яъне маро дар олами илму дониш ва фарҳангу инсондўстӣ, хештаншиносӣ ва ғайра равона сохтанд.
Баъди анҷоми замони таҳсил моро ҷудоӣ аз ҳамсабақон пеш омад ва ҳар кадом бо масире, ки хати тақдир барояш муқаррар карда буд, равона гардид. Имрӯз ҳам ки ҳар куҷоем, боз ҳам ба нафъи ин миллату ин мамлакат дар хидмат қарор дорем.  
Ман шефтаву дилбохтаи назми оламгири шоири тавоно, устод Мирзо Турсунзодаам, ки донишкада исми ин бузургворро дорад. Ва медонам, ки ба майдони адабиёту мулки шеър ворид шудани Мирзо Турсунзода пайке буд некў. Дар тўли фаъолияти эҷодияш ў тавонист як зумра адибони навпардозеро ба ин майдон ворид созад, ки дар як муддати кутоҳ аламбардори шеъри форсӣ дар кишвар шуданд.
Устод Турсунзода ситоишгари сулҳу амнияти мардуми олам, шоири барўманду тавонои тоҷик, яке аз шахсиятҳои барҷастаи қарни бистум, бо ашъори рангин, хақталошиву заҳматҳои бемонандаш дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ шўҳратёр гаштааст.
Хизматҳои Мирзо Турсунзода замоне, ки дар ҳаёт буд бо болотарин ҷоизаҳои давлативу байналмилалӣ қадр шуданд. Устод Қаҳрамони кори сотсиалистӣ буданд, Шоири халқии Тоҷикистон унвон доштанд, академики академияи илмҳои Тоҷикистон буданд, соҳиби чандин ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои ҳамҷавор низ. Тоҷикистони соҳибистиқлол ин абармарди таърихи миллатро Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кард.
Моро месазад чун ворисони ҳақиқии М. Турсунзода ашъори ӯро омӯзем, роҳашро омӯзем, ки аз куҷову чи гуна оғоз гардида ва ба қадри заҳамоташ бирасем, чун номбардори ин миллат дар қарни 20 маҳз устод Айнӣ ва баъд устод Турсунзода буд. Тавассути ӯ оламиён моро шинохтанд. Мунодии сулҳ буд, гоҳ дар Ҳинд буду гоҳ дар Покистон, гоҳ дар Африқову гоҳи дигар дар Аврупо. Баъди ӯ ин шуҳрат ба каси дигар аз ҷумлаи қаламкашон муяссар нашуд.
Ҳар мисраъ шеъи устод бӯйи Ватан мекунад, ситоиши Тоҷикистон дар аввал аст дар ашъори устод ва ҳамин маҳбуб донистани Ватан ӯро миёни мардум бештар соҳибшуҳрат кардааст.
Шукри, ин давлати соҳибистиқлол, ки  миллаташро,  забонашро, нишонашро, шеърашро ва дар охир шоирони бузургашро  пос медорад ва ифтихор дорад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон худшиносӣ ва худогоҳии халқи тоҷик хеле боло рафта, тафаккури миллии мардум, махсусан аҳли илму адаб фарҳангу маориф ба пояҳои баланди рушду камол расид. Донишмандон, нависандагон, омўзгорон ва рўзноманигорон ба таърихи кишвари худ, вазъи ҳозира ва дурнамои он назари тоза андохта, сарватҳои моддӣ ва маънавии онро дар шакли китобҳо, қиссаву романҳо, ҳикояву очеркҳо, шеъру достонҳо ва намоишномаҳо манзури халқ менамоянд. Албатта, тавре ба назар мерасад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба рушди фарҳанги миллӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогӣ тадбирҳои судманд меандешад.
Дар ҳақиқат, ояндаи кишвар, пешрафти он ва инкишофи ҳама соҳаҳо , пеш аз ҳама, аз фаъолияти омўзгорон ва рушди илму маориф вобаста аст. Чуноне, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Омўзгорӣ аҷаб касбест: пурмашаққат, заҳматталаб, вале ниҳоят пурифтихор аст.
Аз он рўзе, ки ман дар ин Донишкада таҳсил мекунам, аллакай эҳсос кардам, ки омўзгорони ин Донишкада ҳамеша дар фикри тайёр намудани кадрҳои баландихтисос буда, барои ин заҳмати зиёд мекашанд. Ҳоло устодонам Сафар Шосаидзода, Бозорбой Холов, Гадобек Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода, Қурбон Бўриев, Раъно Имомалиева, Назира Раҷабова,  Майрам Мамадазимова, Садриддин Файзов, Ситора Абдумўминзода ва дигарон мояи ифтихорам ҳастанд ва талош дорам дар хислату рафтор, муомила, омӯзиш ва ғайра маҳз ба онҳо пайравӣ кунам. Гумон дорам ин бахти устод аст, ки шогирдаш аз ӯ танҳо илм намегирад, балки пайрави рафторҳои шоиставу ахлоқи покаш мешавад. 
Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода раванди таълим пурра ба низоми кредитӣ гузаронида шудааст. Сатҳу сифати таълим, махсусан, фаъолияти мустақилонаи донишҷўён ва истифодаи технологияи компютерӣ торафт беҳтар мешавад.
Дар Донишкада барои таҳсили донишҷўён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Донишкада дорои биноҳои зебою навтаъмир ва китобхонаи барҳавое аст, ки дар он донишҷўён аз адабиёти тозанашри фаннӣ бархӯрдор мегарданд.
Донишкада дорои 4 факулта ва 17 кафедра аз рўи 14 ихтисос фаъолият дошта, дар он 1862 донишҷўён таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 1107 нафарашон рўзона ва 755 нафарашон ғоибона мехонанд. 
Яке аз ҳадафҳои асосии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода маҳз тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони эҷодкору навовар мебошад. Замоне фаро расидааст, ки ба донишҷў танҳо он фанҳоеро бояд таълим дода шаванд, ки вобаста ба ихтисосашон бошад. Барои беҳдошти сифати таълим, пеш аз ҳама, ба сифати кадрҳо, мавзўъ ва мундариҷаи фанҳо, сатҳи озмоишгоҳҳо, истифодаи технологияи муосир, фаҳмиши дониши воқеии донишҷўён ва назорати қатъӣ аз болои дарсомўзии муҳассилин бояд аҳамият дод.
Ман дар охир гуфтаниям, ки мо донишҷўёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои муҳими таърих, анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва наврсон, созандагию бунёдкории миллати тоҷикон эътибор медиҳанд, изҳор қаноатмандӣ ва сипосгузорем.
Мо, шогирдон ва кормандони КМҶТ ба устодони азизу гиромиқадрамон, идомаи рўзгори пурбаракат ва сарафрозиҳои навину сиҳатмандии бардавом таманно дорем.

Бигзор то бигирям, чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад, рўзи видоъи ёрон!

 

 

 

Майсара Абдуллоева,
корманди КМТ Медиатекаи Ппрезиденти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон.