Чанд тавсияи китобхонӣ
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш асареро бо номи “Чӣ гуна китоб бихонем?” муаррифӣ карда будем. Касоне ин матлаби хеле кутоҳро агар то ҳол нахонда бошанд, метавонанд ИН ҶО ворид шаванд. Муаллифи ин асари боарзиш Мортимер Адлер ва Чарлз Ван Дорен буда, аз ҷониби мутарҷими эронӣ Муҳаммад Саррофи Техронӣ аз забони англисӣ ба забони форсӣ тарҷума шудааст. Китоб аз форсӣ баргардон ва зери назари доктори илмҳои таърих, профессор Н.У.Ғаффорӣ чоп шудааст.
Баъзе аз хонандагон аз тариқи саҳифаи Китобхонаи миллӣ дар Фейсбук аз мо хостанд гузинаи электронии китобро гузорем. Вале дар айни замон мо ин гуна имкон надорем, шакли электрониро бояд аз чопхона ё аз касоне дархост кунем, ки китобро баргардон кардаанд. Ва чун таваҷҷуҳи хонандагонро ҳисс кардем, боберо аз он рӯйнавис намудем ва инак, ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем.
Асоси хондани фаъол: чаҳор саволи муҳиме, ки хонанда матраҳ мекунад
Қаблан роҷеъ ба хондани пўё дар ин китоб батафсил баҳс кардем ва гуфтем, ки навъи беҳтар хондан аст. Коре аст, ки бароҳатӣ муяссар нест ва бо кўшиши зиёд ҳамроҳ аст. Вале ҳанўз ба асли масъала напардохтаем ва фақат аз ин навъ хондан дастурамали соддаеро матраҳ кардаем. Асли матлаб дар мавриди ин хондан ин аст: зимни хондан саволе матраҳ кунед, саволе, ки худ ҳини хондан бояд саъй кунед, ки ба онҳо посух диҳед.
Оё ҳар саволеро метавон матраҳ кард? Хайр, ҳунари хондан ғайр аз марҳалаи ибтидоии он иборат аст аз одате ба пурсиши саволҳои саҳеҳ, бонизоми саҳеҳ. Чор саволи асосӣ вуҷуд дорад, ки бояд онҳоро ҳангоми хондани ҳар китобе матраҳ кард:
Якум, ба таври куллӣ китоб роҷеъ ба чӣ мавзўе ҳаст? Бояд саъй кунед, ки мавзўи аслии китобро мушаххас кунед ва бубинед , ки нависанда чӣ гуна онро ба равшанӣ муназзам ва ба тақсим кардани он ба мавзўъҳои фаръӣ, мавзўи аслиро парваронидааст.
Дуюм, чӣ чизҳое ва чӣ гуна дар ҷузъиёт матраҳ шудааст? Бояд бикўшед то ақидаҳои аслии назарияҳо ва истидлолҳое, ки паёми вижаи нависандаро ташкил медиҳад, кашф кунед.
Сеюм, оё тамом ё бахше аз китоб воқият дорад? Ба ин ду савол наметавон ҷавоб дод магар, ин ки ба ду саволи қаблӣ ҷавоб дода бошед. Бояд бидонед, ки чӣ чизе гуфта шудааст, сипас тасмим бигиред, ки оё дуруст аст ё не. Дар айни ҳол вақте китоберо мефаҳмед, агар онро ҳадде мехонед бояд ақидаи худро низ дар мавриди он мушаххас кунед. Сирф донистани фикри нависанда кофӣ нест.
Чаҳорум, оё матолиби китоб аслан аҳамият дорад?
Чунончи китоб иттилооте ба шумо медиҳад, бояд далели аҳамияти онро ҷўё шавед. Чаро нависанда фикр мекунад, ки донистани ин чизҳо муҳим аст? Оё донистани онҳо барои шумо аҳамият дорад? Бинобар ин китоб на танҳо иттилооте ба шумо дода, балки фикри шуморо рўшанӣ бахшидааст.Зарурат дорад, ки пурсед дунболи матолиб чист ва чӣ масоили дигаре дар китоб муассиртар аст?
Роҷеъ ба ин чаҳор савол батафсил дар дунболаи ин китоб баҳс мекунем. Ба ибораи дигар ин чаҳор савол қоидаҳои асосии хонданро ташкил медиҳанд ва асосан бахши дуюми китоб дар мавриди ин мавзўъ аст. Ин қоидаҳо ба далели хосе ба сурати савол дар ин ҷо тарҳ шудааст. Ба таври куллӣ хондани китоб дар ҳар сатҳе ғайр аз сатҳи ибтидоӣ, кўшише барои тарҳи саволҳое аз ҷониби хонанда аст (ва ҷавоб додан ба ин саволҳо бо таваҷҷўҳ ба бештари тавоноии хонанда). Ин матлабро ҳаргиз набояд аз ёд бурд. Ин амр нишондиҳандаи ихтилофи зиёде миёни хонандаи пўё ва хонандаи исто дар ҷаҳон аст. Хонандаи исто саволеро тарҳ намекунад ва дар натиҷа ҷавоберо низ ба даст намеоварад. Дар чаҳор саволе, ки дар боло зикр шуд вазифаҳои хонанда ба ихтисор баён шуд. Ин саволҳо дар марвиди ҳар матлабе, ки арзиши хондан дошта бошад мисли китоб, мақола ва ё ҳатто гузориш содиқанд. Хондани иҷмоли заминаи мусоидеро барои посухгўӣ ба ду саволи аввал фароҳам мекунад. Хондани иҷмолӣ китобро ҷуз бо посух ба ду саволи охир наметавон ба шакли ризоятбахш ба анҷом расонид. Ин амр замоне мумкин мешавад, ки хонанда дар мавриди ҳоқоиқи китоб ва мафҳумҳои он назариёти кули ва ё ихтисосӣ дошта боша два ё ин ки тарҳе аз қазияҳо дар зеҳн дошта бошад. Охирин савол оё матоли китоб, аслан аҳамият доранд? Эҳтимолан муҳимтарин савол дар хондани талфиқӣ аст. Табиатан қабл аз пардохтан ба саволи охире ба се саволи аввал посух дод .
Фақат ба донистани ин, ки саволҳо чӣ саволҳое ҳастанд, набояд иктифо кунем, балки бояд ба хотир дошта бошед, ки ҳангоми хондан пайваста ин саволҳоро бипурсед. Одат ба пурсидани ин чаҳор савол дар вақти хондан аз аломатҳои хондани пўё аст. Матлаби муҳимтар ин аст, ки бидонед ба ин саволҳо чӣ гунна ҷавоби саҳеҳ ва диққат бидиҳед. Ба истеъдоде, ки барои ин кор парвариш ёфта бошад, ҳунари хондан гўянд.
Иллати ба хоб рафтани мардум ҳангоми хондани китобҳои ин нест, ки онҳо дўст надоранд барои фаҳмидани онҳо кўшиш кунанд, балки он аст, ки намедонанд, ки чӣ гуна кўшиш кунанд. Китобҳои хуб дар сатҳи болотар аз зеҳни шумо қарор доранд ва агар ғайр аз ин буд, хондани онҳо самарае барои шумо дар бар надошт. Китобҳое, ки дар сатҳи болотар аз зеҳни шумо қарор доранд хастакунанда хоҳанд буд, магар ин ки зеҳни худро тавсеа дода ва худатонро то сатҳи китоб иртиқо диҳед. Тўлонӣ будани замони хондан хастакунанда нест, вале хондани тўлонӣ ва бенатиҷа ва номуваффақ, ки натиҷаи адами маҳорат лозим дар хондан аст, касалкунанда хоҳад буд. Барои тадовуми хондани пўё на танҳо бояд ирода ин корродошта бошед, балки бояд маҳоратҳои хонданро низ бидонед. Ин маҳорат ҳунаре аст, ки шуморо қодир месозад бо дарк ва фаҳми он чӣ дар назари аввал болотар аз зеҳни шумо ба назар мерасад, худро ба сатҳи болотаре иртиқо диҳед.
Таҳияи Шаҳло Раҳимова