Аввалин бахши “Роҳнамо ба хотири сулҳи пойдор ва фардои нек – Андарзнома”
Нашр шуд 2019-10-09 13:25
Кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои библиографии “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав’’ ва қисмати якуми китоби “Роҳнамо ба хотири сулҳи пойдор ва фардои нек – Андарзнома”-ро, ки бозгўкунандаи талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба сулҳу суботи пойдор дар кишвар мебошад, ба итмом расонда, барои нашр омода кардаанд.
Ҳайати кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳамарўзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат равона гардида, аз баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳимми сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои наву замонавии таъйиноти гуногун, сафарҳои расмию давлатӣ ба мамолики хориҷӣ, ташрифи сарони дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ва машваратҳои корию суҳбатҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони кишвар иборат аст ва дар матбуоти давриву сомонаҳои интернетии дохиливу хориҷӣ ба таври васеъ инъикос мешаванд, гирдоварӣ, пажўҳиш ва библиографинамоӣ карда, ба доираи васеи хонандагони Китобхонаи миллӣ пешниҳод мекунанд.
Аз ҷумла дар самти корҳои илмӣ-интишорӣ, ҳайати кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои библиографии “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав’’ ва қисмати якуми китоби “Роҳнамо ба хотири сулҳи пойдор ва фардои нек – Андарзнома”-ро, ки бозгўкунандаи талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба сулҳу суботи пойдор дар кишвар мебошад, ба итмом расонда, барои нашр омода кардаанд. Ҷамъоварии мавод ҷиҳати омода кардани ҷилди 4 китобномаи шарҳиҳолии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2013-2020-ро дар бар хоҳад гирифт, идома дорад.